Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби парчами 250-метрии Тоҷикистон дар кӯҳи Муғул


Милаи 165-метрии парчам дар Душанбе
Милаи 165-метрии парчам дар Душанбе
Дирӯз дар як қуллаи кӯҳи Муғул дар канори Хуҷанд як парчами дарозиаш 250-метрии Тоҷикистонро насб кардаанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, бари ин парчами аз абрешим дӯхташуда 15 метр будааст. Насби дарозтарин парчам дар кӯҳи Муғул дар пешорӯи Рӯзи парчами Тоҷикистон, ки 24 ноябр таҷлил мешавад, анҷом шуд. Дар арафаи солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе милаи 165-метрии парчамро сохтанд, ки баландтарин милаи парчам дар ҷаҳон эътироф шудааст. Ҳамин тавр, рӯзи 9 сентябр аз кӯчаҳои Душанбе парчамеро кашонданд, ки 2011 метр тӯл дошт.
XS
SM
MD
LG