Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ИРНА ба як соли зиндон маҳкум шуд


Алӣ Акбар Ҷавонфикр
Алӣ Акбар Ҷавонфикр
Алӣ Акбар Ҷавонфикр, раиси хабаргузории расмии ИРНА ва мушовири раисиҷумҳури Эрон оид ба равобит бо матбуот ба як соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар нашри маводи мухолиф бо меъёрҳои исломӣ айбдор кард. Ҷавонфикр дар як матлаб навишт, ки чодарпӯшии занон хоси мусалмонҳои Эрон нест ва аз хориҷ ворид шудааст.

Ба Алӣ Акбар Ҷавонфикр ҳамчунин тайи се сол ба хабарнигорӣ машғул шуданро манъ кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, мурофиаи додгоҳии раиси ИРНА як бахши муборизаи сиёсӣ миёни раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва мухолифони бештар муҳофизакори ӯст.
XS
SM
MD
LG