Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия Лигаи Арабро "васила"-е дар дасти Ғарб хонд


Валид Муаллим
Валид Муаллим
Вазири хориҷаи Сурия Лигаи Арабро “васила”-е дар дар дасти Ғарб барои ба дасти Шӯрои Амнияти СММ супурдани буҳрони Сурия номид. Ин изҳороти Валид Муаллим дар пайи тавқифи узвияти Сурия дар ин бузургтарин иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ва радд шудани иловаҳои Димишқ ба тарҳи сулҳест, ки Лигаи Араб ба хотири хатми ошӯбҳо дар ин кишвари арабии Ховари Миёна таҳия карда буд.
Лигаи араб ба Димишқ барои тасвиби тарҳе, ки истиқрори нозирон дар Сурияро низ дар назар дорад, зарбулҷал таъйин кардааст. Аммо Валид Муаллим гуфт, ин пешниҳод “шурути ғайри қобили қабул” дошта, ба нозирон салоҳиятҳои фавқулоддае медиҳад, ки истиқлоли Сурияро нақз мекунанд. Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад низ ба ҳафтавори бритониёии "The Sunday Times" гуфтааст, кишвараш ба “фишор” тан дар нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG