Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IAEA ба Эрон ҳайати боломақоми худро мефиристад


Юкио Омано
Юкио Омано
Юкио Оманно-раиси Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ мегӯяд, ки ин ожонс мехоҳад ҳайати боломақомро ба Эрон бифиристад, то гузориши ахири ин ожонс дар бораи барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ кунад. Ба гуфтаи Омано, ин боздид “масъалаҳоро дар гузориш рӯшан” хоҳад кард. Вай гуфтааст, ки дар бораи ҳадафҳои ин боздид ба мақомоти Эрон навиштааст. Омано гуфт:

“Гузориш нишон медиҳад, ки Эрон фаъолиятҳои марбут ба такмили таҷҳизоти ҳастаии мунфаҷираро идома медодааст. Он ҳамчунин нишон медиҳад, ки қабл аз поёни соли 2003 чунин фаъолиятҳо дар чаҳорчӯбаи барномае анҷом мегирифтааст ва баъзе аз ин фаъолиятҳо метавонад то ҳол идома дошта бошад”.

Баъд аз нашр Ҷумҳурии Исломӣ ин гузоришро рад кард ва бепоя хонд.
XS
SM
MD
LG