Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиатномаи Думаи Давлатии Русия ба Тоҷикистон


Имрӯз ҷиноҳҳои мухталифи Думаи Давлатии Русия хостори бознигарии парвандаи халабонон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко шуданд. Хабаргузории “Интерфакс” навиштааст, ҷиноҳҳои порламонӣ дар ин бора ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиатномае ба тасвиб расондаанд. Онҳо навиштаанд, ки ҳукми додгоҳи Тоҷикистон бар зидди ин ду халабон ангезаи сиёсӣ дорад. Тарҳи ин пешниҳодро ҷиноҳи ЛДПР ба раҳбарии Владимир Жириновский-раиси ин ҳизб дар иҷлоси порламон матраҳ кардааст. Ин ду халабон дар Тоҷикистон 8,5 солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG