Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23 ноябр мурофиаи такрории халабонҳо оғоз мешавад


Додгоҳи Қурғонтеппа гуфтааст, ки баррасии шикояти додситонӣ ва вакили мудофеи халабонҳо Садовничий ва Руденкоро 23 ноябр аз сар мегирад. Вакили мудофеи халабонҳо гуфтааст, ки вазъи саломатии Алексей Руденко-шаҳрванди Эстония бад шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ҳукми ҳабси халабонҳо ба маҳкумияти шартӣ табдил хоҳад шуд. Афзалалӣ Иззатов-муовини додситони вилояти Хатлон дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт:

“Мақсад сабук кардани мӯҳлати ҷазо аст. Сабук кардан маънои онро ҳам дорад, ки додгоҳ ҳатто метавонад, ки ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима ҳам таин кунад”.

Ширкати “Ролкан инвестмент ЛТД” гуфтааст, ки барои ҳавопаймоҳои боздоштшуда ва ситонидани ҷуброни молӣ аз мақомоти Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Аз сӯи дигар, додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки халабонон Садовничий ва Руденко нақшаи парвоз надоштаанд ва агар онҳо ба Тоҷикистон парвоз намекарданд, дар Афғонистон боздошт мешуданд.
XS
SM
MD
LG