Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия имрӯз гуфт, дар Сурия баъд аз ҳамлаи низомиёне, ки ба ҷониби эътирозкунандагон гузаштаанд, бӯҳрони ин кишвар ба ҷанги дохилӣ шабоҳат пайдо мекунад. Низомиёни артиш, ки ба эътирозгарон пайвастанд, рӯзи чаҳоршанбе ба як пойгоҳи низомӣ дар наздикии Димишқ ҳамла бурданд. Лавров гуфт, маҳофили байналмиллалӣ бояд аз ҷонибҳои Сурия, аз ҷумла аз мухолифон тақозо кунанд, ки ба хушунат хотима диҳанд. СММ мегӯяд, дар ҷараёни саркӯбиҳои тазоҳуркунандагон ба дасти нируҳои артиш бештар аз 3 500 нафар кушта шудаанд. Ҷомеаи Араб гуфтааст, ки агар Сурия бо ин созмон ҳамкорӣ накунад, ба таҳрим рӯ ба рӯ хоҳад шуд. .