Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгаронро аз боғи Тсукоттӣ берун карданд


Акс аз бойгонӣ
Пулиси Ню-Йорк эътирозгарон аз Ҷунбиши «Ишғоли Уолл-Стрит»-ро аз Боғи Тсукотӣ берун кард. Ин боғ аз моҳи сентябр маркази эътирозҳое буд, ки ин ҷунбиш алайҳи низоми молӣ оғоз кардааст. Ба ақидаи онҳо, ин низом ба сӯди ширкатҳову сарватмандон кор мекунад.
Аммо пулис ин боғро иҳота гирифт ва гурӯҳҳои тамизкор ба барчидани хаймаҳои эътирозгарон пардохтанд. То расидани субҳ ин минтақа аз эътирозгарон пок карда шуд. Шаҳрдори Ню-Йорк Майкл Блумберг ба тазоҳургарон амр додааст, ки “муваққатан” тарки майдон кунанд. Ӯ гуфтааст, онҳо баъди барчидани хаймаҳо метавонанд баргарданд. Шаби гузашта хаймазори эътирозгарон дар Окленди Калифорния низ барчида шуд. Ҷунбиши «Ишғоли Уолл-Стрит» ба бурузи айни эътирозҳо дар Амрикову соъири ҷаҳон оғоз гузоштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG