Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Жириновский ба вазири дифои Русия дар бораи халабонон


Владимир Жириновский
Владимир Жириновский
Бино бахабари Интерфакс, Владимир Жириновский-раиси ҳизби Либерал Демократҳои Русия ё ЛДПР ва муовини раиси Думаи давлатии ин кишвар ба Анатолий Сердюков-вазири дифои Русия номае фиристодааст ва дархост кардааст, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бо кӯмаки нируҳои вижаи Русия аз зиндони Тоҷикистон раҳо карда шаванд. Вай дар номаи худ аз Гилод Шалит сарбози Исроил ёд кардааст, ки низомиёни Исроил дар Бейрут анҷом додаанд. Вай гуфтааст, нируҳои Исроил барои ин сарбоз “Лубнонро дарзмол карданд”. Ба ин нома вазорати дифои Русия ё ҷонибҳои дигар вокуниш нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG