Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти ихроҷи муҳоҷирон идома хоҳад кард


Кормандони полис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистонро рӯзҳои оянда ҳам идома хоҳанд дод. Дар ин бора як мақоми Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба хабаргузории «Интерфакс» иттилоъ додааст. Аз ин пеш Залина Корнилова, сухангӯи ин хадамот гуфта буд, ки 297 муҳоҷири тоҷик дар марказҳои муваққатӣ ҷой дода шудаанд ва ба зудӣ аз Русия ихроҷ мешаванд.

Амалиёти боздошти муҳоҷирон баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ ва марзшиканӣ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Ин ҳукм боиси хашму ғазаби Маскав шудааст, ки онро ноодилона ва дорои ангезаи сиёсӣ мехонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG