Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон имрӯз натоиҷи расмии интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 30 октябрро эълон кард. Дар ин маъракаи сиёсӣ нахуствазир Алмосбек Отамбоев ба дарёфти 62-у ним дар сади раъйҳо пирӯз шудааст.
Ду довталаби дигар – раиси ҳизби мухолифи “Қирғизистони воҳид” Адахон Мадумаров ва раиси яке аз фраксияҳои парлумон Қамчибек Тошиев аз пуштибонии тақрибан 14 дар садии раъйдиҳандагон бархурдор шӯудаанд.
Бар пояи қонун, маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нав бояд 30 рӯз баъд аз эълони расмии натоиҷи интихоботи президентӣ баргузор шавад.
Баҳори соли 2010 бар асари тазоҳуроти мардумӣ раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев аз мақомаш барканор шуд. Роза Отунбоева раисиҷумҳури муваққати Қирғизистон аст ва мӯҳлати ваколати ӯ 31 декабри соли равон поён меёбад.