Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Таези Яман 11 нафар кушта шуданд


Саҳнае аз Таез
Кормандони беҳдошт ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, рӯзи ҷумъа ҳангоме, ки нируҳои вафодор ба Алӣ Абдулло Солеҳ-раиси ҷумҳури Яман дар Таез-дуввумин шаҳри бузурги ин кишвар тирандозӣ карданд, 11 нафар кушта шуданд, ки дар миёни онҳо 3 зан ва як кӯдак низ будаанд. Шоҳидон мегӯянд, нируҳои Горди Ҷумҳурӣ зери фармондеҳии Аҳмад-писари раиси ҷумҳур дар шаҳр ба сӯи тазоҳуркунандагон аз тӯпхона оташ кушоданд. Аммо дар Санъо-пойтахти Яман ҳазорон нафар дар ду тазоҳуроти зидди режим ва ба тарафдории режим ба хиёбонҳо баромаданд ва раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG