Пайвандҳои дастрасӣ

Ромодановский: 100 нафар тоҷиконро барои депорт омода мекунанд


Константин Ромодановский
Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, ки онҳо тақрибан 100 нафар муҳоҷирони кории ғайриқонунии Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ мекунанд.

“Хадамоти муҳоҷират ва ниҳодҳои интизомӣ ҳоло масъалаҳои фаннии ихроҷи 100 нафар муҳоҷирони ғайриқонунии Тоҷикистон аз Русияро баррасӣ мекунанд”.

Ба гуфтаи Ромодановский, як рӯз пеш 211 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқаррароти иқомат дар Русияро муроот накардаанд, боздошт шудаанд. Онҳо баъд аз ихроҷ аз се то 5 сол наметавонанд ба Русия ворид шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG