Ба навиштаи хабаргузориҳо, сафири Русия рӯзи гузашта бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намудааст.
Мавзуи ҳалли қазияи ду халабони як ширкати русӣ, ки бо ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа ба 8,5 сол равонаи зиндон шуданд, мавзуи меҳварии гуфтугӣ миёни сафири Русия ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст.
Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо гузориш медиҳанд, ки гуфтугӯҳо миёни мақомоти Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин қазия идома дорад.
Аз ҷумла Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз ҷониби Тоҷикистон хостааст, ки дар парвандаи ин ду нафар бознигарӣ сурат бигирад.
Ҳамзамон Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамроҳхон Зарифӣ, аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон алайҳи ду халабони рус кишвараш изҳорӣ нигаронӣ карда хостори ҳалли ин мушкил шудааст.
Пештар аз ин Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки онҳо мунтазири посухи расмии ҳукумати кишваре мемонанд, ки бо он ҳампаймонӣ доранд ва баъди он тасмим мегиранд.
Аз ҷониби дигар, расонаҳои русӣ дар идомаи ҳангомаҳои худ, ишорае ба таърихи ширкати “Ролкан”, ки ҳавопаймоҳои Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба он тааллуқ доранд, намудаанд, ки се сол пеш ба ширкати "Аэрспэйс консорциум" иҷора дода шудааст.
Ба навиштаи ин расонаҳо ин ширкат дар Имороти Муттаҳидаи Араб сабти ном доштааст. Молики ширкати "Аэрспэйс консорциум" ҳиндуе бо номи Ҷигиб будааст, ки вайро чун найрагбогзи байналмиллалӣ мешиносанд. Ширкати Ҷигиб бо мақомоти Тоҷикистон ҳадафмандона вориди гуфтугӯ шудааст, то ҳавопаймоҳои русиро бигиранд. Матбуоти Русия менависад, дар ин амалиёт ҳам Ҷигиб, ҳам тоҷикон ва ҳам русҳо даст доштаанд. Гӯё Ҷигиб бо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати дифои Тоҷикистон муносибати хуб доштааст.
Расонаҳои русӣ ҳамчунин ба манфиатдор будани хонаводаи раиси ҷумҳур ба табдил кардани наздиконашон, ки дар дар зиндонҳои Русия ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба сар мебаранд, ишорат мекунанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 7 ноябр Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ва халабонҳои ширкати русии “Ролкан Инвестмент”-ро бо гуноҳи қочоқ ва убури ғайриқонунии марз ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.