Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Оятулло Алии Хоманеӣ ба Исроил ва Амрико


Оятулло Алӣ Хоманеӣ, раҳбарии олии Эрон, изҳор намуд, ки ҳама гуна талоши Исроил ваё ИМА барои ҳамла ба муассисаҳои ҳастаии кишвар бо муқовимати шадид рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Дирӯз Исроил аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки Эронро барои даст бардоштан аз барномаи ҳастаӣ маҷбур созад. Бархе аз сиёсатмадорони воломақоми Исроил эҳтимоли ҳамла ба муассисаҳои ҳастаии Эронро байид намедонанд.

Рӯзи сешанбе Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар гузориши худ таъкид кард, ки дар бораи талошҳои Теҳрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ иттилоъ зери даст дорад.

Теҳрон ин гузоришро бетавозун ва дорои ангезаи сиёсӣ номид. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дирӯз дар ҷамъи сокинони Шаҳри курд, як шаҳри воқеъ дар маркази кишвар, изҳор намуд, ки Эрон ниёзе ба силоҳи ҳастаӣ надорад.
XS
SM
MD
LG