Давлати Эрон гузориши нави Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар бораи барномаҳои ҳастаиашро “ғайрмутавозин ва дорои ангезаҳои сиёсӣ” хонд. Алӣ Асғар Султония, намояндаи Эрон дар оҷонс дар ин бора гуфт: "Ин як гузориши ғайримутавозин, номутаносибе аст, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ва бо фишори сиёсӣ бахусус фишори Амрико таҳия шудааст. Мутаасифона ин гузориш берун аз таҷрибаи маъмулӣ таҳия шудааст." Дар гузориши тозаи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, ки дирӯз нашр шуд, омадааст, ки Эрон сари моделҳои бомбӣ атомӣ кор карда ва дар ҳамин замина пажӯҳишҳову озмоишҳои пинҳонӣ анҷом додааст. Дар остонаи нашри ин гузориш, расонаҳои Исроил гуфтанд, мақомоти ин кишвар дар андешаи ҳамла ба таъсисоти атомии Эронро ҳастанд. Ҷузъиёт дар идомаи барнома.