Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Аҳмадинажод аз раиси МАГАТЭ


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, зимни суханронӣ аз тариқи телевизиони кишвар, Юкио Амоно, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ-ро дастнишони Амрико номид.

Ба гуфтаи ӯ, "одамеро болои Оҷонс гузоштанд, ки ҳеҷ ихтиёре аз худаш надорад, ҳатто қавонини Оҷонсро зери по мегузорад. Чаҳорта қоғаза дуруст карданд амрикоиҳо, ин ҳам меояд ҳарф мезанад".

Изҳороти Аҳмадинажод дар арафаи нашри гузориши нави МАГАТЭ оид ба барномаи ҳастаии Эрон пахш шуд. Аз ин пештар Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар Ереван, пойтахти Арманистон изҳор намуд, ки кишварҳои ғарбӣ ягон далели мушаххаси талоши Теҳрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро надоранд.

Рӯзи сешанбе ИМА изҳори умедворӣ кард, ки дар гузориши нави Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ нигарониҳои Амрико аз барномаи ҳастаии Эрон инъикос хоҳад ёфт.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, ки “Эрон бо МАГАТЭ ҳамкории шаффоф намекунад ва ба ин созмон барои тафтиши пурраи муассисаҳои ҳастаияш имкон намедиҳад”.
Бар пояи иттилоъи мақомоти амрикоӣ, Эрон сатҳи ғанисозии уранро то 20 дар сад боло бурдааст ва ин, ба гуфтаи хонум Нуланд, аз сатҳи барои рушди барномаи ҳастаӣ бо аҳдофи осоишта зарурӣ хело болотар аст.
XS
SM
MD
LG