Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳо барои ҳаштуним солӣ маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Rolkan Investmens Ltd - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои даҳу ним солӣ аз озодӣ маҳрум кард.Ва аммо, ба иттилоъи хабаргузориҳо, бар пояи Қонуни авф ҳукми ҳарду халабон ду солӣ кам карда шудааст ва ҳамин тарақ, Садовничий ва Руденко 8,5 солиро дар маҳбаси низомаш шадид сипарӣ хоҳанд кард.

Ҳавопаймоҳои Ан-72 ва муҳаррики авиатсионӣ ба манфиати давлат мусодира карда шуданд.

Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ Файзулло Холов аз додгоҳ хостори ба 13-солии маҳбас маҳкум кардани халабонҳо шуда буд.

Халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко моҳи марти соли равон бидуни огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуданд. Онҳо гуноҳи худро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ҳавопаймоҳо маводи сӯхти кофӣ надоштанд ва аз рӯ маҷбур шуданд то дар Қӯрғонтеппа фуруд биёянд.
XS
SM
MD
LG