Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Италия тарҳи нави буҷаро баррасӣ мекунад


Имрӯз дар парлумони Италия тарҳи нави буҷа баррасӣ хоҳад шуд, ки аз натоиҷи он, ба гуфтаи шореҳон, сарнавишти ҳукумати Силвио Берлусконӣ вобаста хоҳад буд. Дирӯз Берлусконӣ овозаҳо дар бораи ризояташ барои истеъфоро рад кард.

Италия чун Юнон дар вартаи бӯҳрони шадиди қарз қарор дорад. Бонки марказии Аврупо дирӯз хабар дод, ки ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул мониторинги ислоҳоти иқтисодӣ аз сӯи ҳукумати Италияро баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG