Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Араб вазъи Сурияро баррасӣ хоҳад кард


Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб, рӯзи шанбе дар як ҷаласаи изтирорӣ вазъ дар Сурияро баррасӣ хоҳанд кард. Дар баёнияи расмии иттиҳодия омадааст, ҷаласаи изтирорӣ барои он даъват шуд, ки “ҳукумати Сурия тааҳуди худ ба Иттиҳодияи Араб барои хотима додан ба хушунат ва ҳаллу фасли бӯҳрон дар ин кишварро иҷро накардааст.” Сурия рӯзи чоршанбеи гузашта барномаи Иттиҳодияи Араб барои хотима додан ба хунрезӣ бӯҳрон ва дар ин кишварро пазируфт. Мудофеъони ҳуқуқ гуфтанд, рӯзи якшанбе дар рӯзи Иди Қурбон, нерӯҳои Сурия дар ҷараёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ 13 ғайринизомиро куштанд.
XS
SM
MD
LG