Рӯзи ҷумъа додгоҳи Покистон ба таври расмӣ 7 нафар, аз ҷумла ду корманди аршади полисро барои ширкат дар сӯиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто-нахуствазири пешин ва фақиди ин кишвар муттаҳам кард. Бино ба ин хабар, 5 нафари дигар шӯришиёни Толибон будаанд. Чоудрӣ Азҳар-қозии додгоҳ ҳукми додгоҳро дар ҳузури муттаҳамон қироат кард, вале онҳо ин иттиҳомро рад карданд. Хонум Бҳутто соли 2007 дар сӯиқасде дар шаҳри Равалпиндӣ террор шуд.