Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бар зидди Амрико ба СММ номаи шикоятӣ фиристодааст


Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, Теҳрон ба СММ номае фиристодааст ва дар он шикоят кардааст, ки Амрико дар талоши сӯиқасде ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вошингтон ба Эрон тӯҳмат задааст. Ба гуфтаи Алӣ Акбар Солеҳӣ, дар нома ба нишонии Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ омадааст, чунин иттиҳомот дар бораи талоши сӯиқасд бахше аз стротегияҳои Амрикост, ки мехоҳад эътибори Теҳронро доғдор кунад. Press TV-шабакаи расмии телевизиони Эрон гуфтааст, марде, ки додситонҳои Амрико мақоми расмии низомии Эрон ва узви гурӯҳи сӯиқасдкунанда эълон кардаанд, аз гурӯҳи Муҷоҳидини Халқи Эрон аст, ки дар хориҷ аз хоки Эрон фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG