Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Оби олуда ба сианид ба Русия мерасад

Оби олуда ба моддаи хатарноки сианид, ки аз Қазоқистон ба рӯдхонаи Иртиши Русия омехта шуд, то 10 рӯзи дигар ба минтақаи Омски Русия хоҳад расид. Олеся Енина, сухангӯи бахши минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия гуфт, омодагиҳо барои рафъи хатари ин олудагӣ идома дорад ва давлати Қазоқистонро барои огаҳ накардан аз ин ҳодиса интиқод кард. Садамае дар як корхонаи маъдангудозии Қазоқистон сабаби рехтани оби олуда ба сианид ба рӯдхонаи Секисовска шуд, ки як шохаи рӯдхонаи Иртиш аст. Мизони сианид дар рӯдхонаи Секисовска 516 маротиба бештар аз меъёр будааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Намангон барои раиси вилоят аз контейнер "хонаи сайёр" месозанд

Дар маҳаллаи "Бунёдкор", ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 феврал дар доираи сафари ғайринақшавияш ба вилояти Намангон аз он боздид карда буд, барои раиси вилоят Шавкат Абдураззоқов бо контейнер хона месозанд.

Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Намангон, "хонаи раиси вилоят" аз чандин контейнер иборат хоҳад буд. Худи Абдураззоқов баъди рафтани Мирзиёев бо сокинони "Бунёдкор" вохӯрӣ анҷом ва ваъда дода, ки омада, дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад.

Намояндаи маъмурияти Намангон гуфт, хонаи контейнерӣ сайёр буда, дар сурати лозимӣ ба маҳаллае интиқол дода мешавад, ки дар он корҳои ободонӣ ҷараён доранд. Ба гуфтаи як фаъоли "Бунёдкор", корҳои ободонӣ дар маҳалла шабонарӯзӣ идома доранд.

Дар маъмурияти Намангон гуфтанд, ки рӯзҳои наздик барои раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин вилоят аз контейнер хонаи сайёр сохта мешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, маҳаллаҳои Намангонро аз тариқи ҳашар ва ҷалби кормандони ниҳодҳои давлатӣ обод карданианд.

Яке аз рӯзноманигорони Намангон гуфт, тамоми харҷҳои ин гуна ҳашарҳо "тибқи анъана" аз ҳисоби кормандони "буҷавӣ" пардохт мешавад.

Шавкат Мирзиёев 18-19 феврал аз Намангон боздид карда, ба таври ғайриинтизор ба маҳаллаи "Бунёдкор", воқеъ дар 8-километрии шаҳри Намангон рафт. Президенти Узбекистон баъди боздид аз маҳалла ва суҳбат бо сокинон раис ва додситони Намангонро барои вазъи маҳаллаи мазкур танқид кард.

Қирғизистон аз Қазоқистону Узбекистон барқ мехарад

Содир Ҷабборов ба Қазоқистон сафар кард. 2 март, 2021.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории "Қазинформ" гуфт, мақомоти ин кишвар имкони харидории нерӯи барқ аз Қазоқистону Узбекистонро баррасӣ доранд.

"Ҳоло дар ҷаҳон мушкили норасоии об пеш омадааст. Мо низ ин мушкилро дорем. Агар вазъ дар обанбори Тоқтогули мо тавре ки ҳоло ҳаст, идома ёбад, сатҳи об ба хати фоҷеавӣ мерасад. Бинобар ин, мо имкони воридоти барқ аз Қазоқистону Узбекистонро баррасӣ дорем. Ҷониби Қазоқистон омодагии худро барои содироти барқ баён кард ва мо низ дар навбати худ бо ҷониби Узбекистон гуфтугӯ дорем", - изҳор дошт Ҷабборов.

Содир Ҷабборов қарор аст, рӯзҳои 2-3 марти соли равон ба Қазоқистон сафари давлатӣ анҷом диҳад. Ба гуфтаи сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Достон Дюшекеев, Ҷабборов дар доираи ин сафар бо ҳамтои қазоқи худ Қосимҷомарт Тоқаев дидору гуфтугӯ мекунад.

Қудои президенти собиқи Қирғизистонро ба ҷиноят муттаҳам карданд

Алиёрбек Абҷалиев ҳоло вакили порлумони Қирғизистон аст.

Мақомоти интизомии Қирғизистон ба зидди қудои Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури собиқ, бо иттиҳоми "ҷамъоварии ғайриқонунии сарват" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 1-уми март гуфт, Алиёр Абҷалиев, падарарӯси духтари Ҷеенбеков, ба он муттаҳам мешавад, ки "бо истифода аз хешовандиаш бо президенти пешин ба корҳои муассисаҳои давлатӣ дахолат кардааст."

Дар баёнияи кумита омадааст: "Вақти кор дар идораи давлатӣ, Абҷалиев иттилоъ дар бораи моликияташ, аз ҷумла 20 хонаи бошукӯҳ, як ҳавлии хусусӣ дар як маҳаллаи сарватмандон дар Бишкек ва осоишгоҳ дар наздикии Исиқкӯлро пинҳон доштааст. Ӯ ҳамчунин дар вилояти Чуй замин дорад ва соҳиби амвол дар Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст."

Дар баёния, ҳамчунин, омадааст, кор барои пайдо кардани моликиятҳои дигари Абҷалиев идома дорад. Абҷалиеви 54-сола дар робита ба баёнияи Кумитаи амнияти миллӣ изҳори назар накардааст.

Сооронбой Ҷеенбеков соли гузашта баъд аз тазоҳуроти ҳазорон нафар аз натиҷаҳои интихобот истеъфо дод ва ҳукумат ҳам пароканда шуд.

Содир Ҷабборов, ки ғолиби интихоботи рӯзи 10-уми январ эълон шуд, баъди расидан ба қудрат қавл дод, ба зидди коррупсия дар кишвараш мубориза мебарад.

Алиёр Абҷалиев, ки дар гузашта дар мақомҳои гуногун дар Кумитаи гумруки Қирғизистон кор кардааст, ҳоло вакили мардумӣ дар порлумон аст.

Раиси ҷумҳури собиқи Фаронса ба 3 соли зиндон маҳкум шуд

Никола Саркозӣ ҳангоми тарки толори додгоҳ дар рӯзи якуми март.

Додгоҳи Фаронса, раиси ҷумҳури собиқ Никола Саркозиро бо гуноҳи ришвахорӣ ва сӯистифода аз нуфузаш ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукме, ки рӯзи 1-уми март содир шуд, Никола Саркозӣ бояд 1 солро дар зиндон сипарӣ кунад ва 2 соли дигараш зиндони шартист. Сиёсатмадори собиқ, ки иттиҳомотро беасос номидааст, барои шикоят аз ин ҳукм 10 рӯз фурсат дорад.

Додситонҳои фаронсавӣ ба додрас гуфтанд, собит кардаанд, ки раиси ҷумҳури собиқи 66-сола саъй кардааст, аз роҳи пешниҳоди вазифаи баланд дар Монако аз додрас Гилберт Азиберт доир ба тафтишоти шеваҳои маблағгузории маъракаи интихоботиаш иттилло ба даст биёрад.

Ба гуфтаи додситонҳо, онҳо маълумот дар бораи талоши сӯистифода аз мақом ва ришвахориро дар суҳбати телефонии Саркозӣ ва вакили собиқи дифоаш ба даст овардаанд. Суҳбати ду тараф пас аз соли 2012 баъди анҷоми давраи раёсати ҷумҳурии Никола Саркозӣ сурат гирифтааст. Раиси ҷумҳури собиқро ҳамроҳ бо вакили собиқаш ва додрас Гилбер Азиберт муҳокима кардаанд.

"Сарватмандтарин" вакили Русияро дастгир кардаанд

Дмитрий Пашов соли 2020 бештар аз 6 миллиард рубл даромад доштааст.

Додгоҳе дар шаҳри Хабаровски Русия амр додааст, ки “сарватмандмандтарин” вакили мардумӣ дар ин кишварро барои 2 моҳ ва то замони таҳқиқи парвандааш дар боздоштгоҳ нигаҳ доранд. Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба гузоришҳои расонаҳои дохилӣ навиштааст, ки Дмитрий Пашов, вакили маҷлиси вилояти Сахалинскро бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ, қасдан поин бурдани қимати маҳсулоти содиротӣ дастгир кардаанд.

Дмитрий Пашов расман вакили сарватмандтарини Русия ба ҳисоб меравад, чун соли 2020-ум 6 миллиарду 225 миллион рубл даромад доштааст. Бино ба иттиллои расмӣ, вакили мардумӣ молики ширкати “Монерон”, бузургтарин тавлидкунандаи харчанг дар Русия аст. Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки “Монерон” дар асл аз они тоҷир Олег Кан аст, ки соли гузашта ӯро ба як қатли соли 2010 ва қочоқи харчанг бо арзиши 210 миллион рубл муттаҳам карда, дастури боздошташро содир карданд.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Дмитрий Пашовро рӯзи 26-уми феврал дар шаҳри Хабаровск дастгир карданд. Ӯ барои шаҳодат додан дар додгоҳ дар бораи шикори ғайриқонунӣ омадааст ва баъди ин худашро ҳам бо иттиҳоми риоят накардани қонунҳо доир ба пардохти боҷи гумрукӣ дастгир кардаанд.

Дар Покистон як муфтиву писари 13-солаашро куштаанд

Дар инҷо занеро дафн кардаанд, ки барои ҳуқуқи занон мубориза мебурд. Ӯ ва се нафари дигарро дар Вилояти Вазиристони Шимолӣ куштаанд.

Афроди мусаллаҳ дар Покистон як муфтӣ, писари ноболиғу як шогирди ӯро дар канори шаҳри Исломобод куштаанд. Бино ба гуфтаи маъмурони пулис, ҳодиса рӯзи 27-уми феврал дар маҳаллаи Бораи Коҳу сурат гирифтааст.

Муфтӣ Икромпур Раҳмонро, ки бо писари 13-сола ва як шогирди мадрасаи исломӣ ба самти мошинашон мерафтаанд, бо зарби тири туфанг куштаанд. Ҳеч касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст ва таҳқиқи ҷиноят идома дорад. Икромпур Раҳмон, яке аз шарикони муллои “оташнафас” Мавлоно Фазлураҳмон буд, ки раҳбари эътилофи 11 ҳизби мухолиф аст, ки мехоҳанд, ҳукумати феълиро канор зада, ҷойи онро бигиранд.

Моҳҳои ахир қатлу хунрезӣ дар Покистон зиёдтар шудааст. Ҳафтаи гузашта ифротгароёни исломӣ чаҳор мураббии мактаберо куштанд, ки барои ҳуқуқи занон мубориза мебурданд. Онҳоро дар як минтақаи марзии Покистон бо зарби тири туфанг ба ҳалокат расонидаанд.

Дар ҳафтаҳои гузашта дар амалиёти низомиён ба зидди ҷангҷӯён дар манотиқи қабиланишин дар ғарби Покистон даҳҳо сарбоз ва ниманизомиёни тарафдори ҳукумат низ ҷон додаанд.

Нахуствазири Чехия гуфт, шояд ваксинаи русиро ҳам бигиранд

Сербистон кишвари дигари Аврупо то кунун аз ваксинаи русӣ истифода бурдааст.

Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия гуфт, агарчӣ Оҷонси Тиббии Аврупо истифода аз ваксинаи русии Спутник В-ро тасдиқ накардааст, вале мумкин аст, кишвараш онро барои истифода иҷоза бидиҳад. Дар Чехия, ки хонаи тақрибан 11 миллион нафар аст, коронавируси нав босуръат паҳн мешавад.

То рӯзи 27-уми феврал дар ин кишвар тақрибан 650 ҳазор нафар ваксина бар зидди СОVID-19 гирифтаанд ва аксарияти онҳо ваксинаи Пфайзер Бионтек аст. Ҳамчунин ваксинаҳои офаридаи ширкатҳои Модерна ва АстраЗенекаро ҳам ба кор бурдаанд. Андрей Бабиш дар мусоҳиба бо телевизиони Си Эн Эн Прима дар рӯзи 28-уми феврал гуфт, “Русия барои тасдиқи ваксина муроҷиат накардааст ва мо ҳам наметавонем, мунтазири тасдиқи Оҷонси Тиббии Аврупо бошем.”

Ба қавли нахуствазири Чехия, тасдиқи ниҳодҳои дохилӣ барои истифодаи ваксинаи русӣ кофист ва агар вазорати тандурустӣ иҷоза диҳад, ҳар кас ки хост метавонад, онро бигирад.

Тазоҳургарон дар Ереван базӯр ба бинои порлумон ворид шуданд

Мухолифони нахуствазири Арманистон Никол Пашиниён рӯзи 27-уми феврал ҳам дар Ереван раҳпаймоӣ карданд.

Гуруҳе аз тазоҳургарон дар Арманистон, ки хостори истеъфои нахуствазир Никол Пашиниён ҳастанд, рӯзи 1-уми март бо зӯр вориди бинои порлумон дар шаҳри Ереван шуданд. Ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ, Никол Пашиниён зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки саъй доранд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид. Никол Пашиниён, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварату муколама шудааст.

Ҳафтае пеш баъди даъвати чанде аз фармондеҳони олирутбаи артиши Арманистон барои истеъфо Никол Пашиниён гуфт, кори онҳо “талош барои табаддулоти давлатӣ” аст. Бар асоси созише, ки нахуствазири Арманистон имзо кард, қисмате аз Қаробоғи куҳӣ ва тамоми 6 ноҳияҳои атрофи онро ба Озарбойҷон баргардонданд. Ин минтақаҳоро неруҳои арманӣ дар ҷанги соли 1990 аз озариҳо гирифтанд ва бисёре аз арманиҳо мухолифи баргардонидани онҳо ба Озарбойҷон буданд.

Коронавирус бедодгариашро инҷову онҷо идома медиҳад

Дар Чехия аз рӯзи 1-уми март маҳдудиятҳои гаштугузор сахттар шуд, баъзе аз мағозаҳои бозро бастанд.

Африқои Ҷанубӣ пас аз чанд ҳафта маҳдудияти гаштугузорро сабуктар кард, вале дар Бразилияву баъзе аз кишварҳои Аврупо навъҳои нави коронавирус ҳоли мардум ва авзоъро бадтар кардаанд. Кирил Рамафоса, раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ рӯзи 1-уми март гуфт, ки пас аз “коҳиши фавқуллода”-и сирояти вирус маҳдудиятҳо батадриҷ камтар карда мешаванд. Дар ин кишвар як навъи тағйирёфтаи вирус паҳн шуд, ки зудтар сироят мекунад ва ин нигаронӣ буд, ки мумкин аст, дар дигар кишварҳои ҷаҳон доман занад.

Дар Бразилия, ки шакли дигаре аз вирус ёфт шуд, беморӣ дар саросари кишвар бо суръат паҳн мешавад. Ин вирус, ки дар шаҳри Манаус ёфт шудааст, ба қавли донишмандон мумкин аст, дигарбора ба мардум сироят кунад. Ба қавли донишмандон, ин вирус таркибе аз вируси Африқои Ҷанубӣ дорад ва шояд ваксинаҳо ба зидди он чандон коромад набошанд.

Бинобар афзудани теъдоди беморони бистарӣ ва маргумир аз СОVID-19 дар шаҳрҳои гуногуни Бразилия ва аз ҷумла пойтахти он карантини ду ҳафтаина эълон карданд. Дар Аврупо дар Чехия ҳам ба сабаби зиёд шудани теъдоди беморон маҳдудиятҳои гаштугузорро зиёдтар карданд ва ҳазорон маъмури пулис ва сарбоз барои назорати равуои мардум дар шаҳрҳо сафарбар шудаанд.

Доналд Трамп гуфт, шояд дар интихобот ширкат кунад

Доналд Трамп сару садо дар бораи таъсиси ҳизби наверо рад кард.

Раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп, пас аз анҷоми маъмурияташ бори аввал ба саҳнаи сиёсӣ баргашт, то худро ҳамчун як раҳбари зарурӣ барои Ҳизби ҷумҳурихоҳ нишон бидиҳад. Ӯ дар як суханронӣ дар рӯзи 28-уми феврал ишора кард, ки шояд дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2024 ширкат кунад ва сару садо дар бораи таъсиси ҳизби нави сиёсиро рад кард.

Ӯ дар як конфронси гуруҳҳои сиёсии муҳофизакор дар шаҳри Орландо дар иёлати Флорида гуфт: “Ман дар канори шумо муборизаро идома медиҳам. Мо ҳизби наве сохтанӣ нестем.” Дар ин суханронӣ, ӯ дигарбора иддаои беасосашро такрор кард, ки дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр пирӯз шудааст ва гуфт: “Мо Ҳизби ҷумҳурихоҳ дорем ва он назар ба гузашта муттаҳиду қавитар мешавад.”

Доналд Трамп дар идомаи ин суханронӣ сиёсатҳои Ҷо Байден раиси ҷумҳури Амрикоро танқид кард ва гуфт, ки ӯ “Амрикоро аз ҷойи аввал ба ҷойи охир бурд”. Баръакси тамоми раиси ҷумҳурони собиқи Амрико, ки ҷойгузинҳои хешро танқид намекунанд ва дар саҳнаи сиёсӣ камтар зоҳир мешаванд, Доналд Трамп возеҳ нишон дод, ки баръакси онҳо рафтор хоҳад кард. Ҳукумати Амрико гуфт, ки суханронии Доналд Трамп барои онҳо чандон аҳамият надорад ва сазовори таваҷҷуҳ нест.

Пулиси Мянмар алайҳи эътирозгарон оташ кушод

Янгон, Мянмар, 28 феврал, 2021.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар бисёре аз шаҳрҳои Мянмар иқдомҳои эътирозӣ идома карданд. Дар шаҳрҳои Янгон, Тавой ва Мандалай дар рӯёрӯӣ бо пулис на камтар аз 18 кас кушта, бештар аз 30 кас захмӣ шудааст.

Пулис аз силоҳи оташфишон, тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кард. Дар ин бора расонаҳо бо Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон хабар медиҳанд.

Мухолифон мардумро ба эътирози густарда, бо ҳадафи барканории низомиён аз қудрат ва озодии Аун Сан Су Чжӣ, даъват доранд.

Пулис бо дастури низомиён роҳбари ғайрирасмии кишвар - Аун Сан Су Чжӣ ва президенти Мянмар Вин Минро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Дар Мянмар барои як сол вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст. Дар шаҳрҳои бузург аз соати 8 шом то 4 субҳ қуюди шабгардӣ эълом шудааст.

Аун Сан Су Чжӣ, ки дар ҳабси хонагӣ аст, дар интиқол, нигаҳдорӣ ва истифодаи ғайриқонунии мухобирот (ратсия), вайрон кардани дигар қонунҳои содирот ва санадҳои ҳуқуқӣ айбдор мешавад.

Артиши Мянмар ваъдаи баргузории интихоботи нави порлумониро додааст, аммо маълум нест, интихобот кай баргузор мешавад. Генералҳои Мянмар мегӯянд, натиҷаи интихоботи гузашта омехтаи тақаллуб будааст, ки дар он ҳизби Аун Сан Су Чжӣ "Лигаи миллии ҳаводори демократия" пирӯз шуд.

Соли 2011 роҳбарони низомии Мянмар, ки аз соли 1962 қудратро дар даст доштанд, зери фишори байналхалқӣ розӣ шуданд, ки ба идораи демократӣ гузаранд. Низомиён дар иваз 25 дарсади курсҳои порлумон ва назорати сохторҳои низомиро талаб карда буданд.

Ҳизби Аун Сан Су Чжӣ он замон дар интихоботи порлумонӣ пирӯзӣ ба даст оварда буд.

"Лигаи миллии ҳаводори демократия", ҳизби Аун Сан Су Чжӣ, дар интихоботи порлумонии соли 2020 низ пирӯзӣ ба даст овард ва тасмим дошт, ки бидуни дахолати низомиён ҳукуматро ташкил диҳад.

Буҳрони қудрат дар Арманистон - ҷанҷоли сарвазир бо президент

Ереван, Арманистон. 25 феврал.

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон аз тарафдоронаш хост, рӯзи 1 март дар майдони Республикаи шаҳри Ереван гирди ҳам оянд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта дар Арманистон ҷонибдорони мухолифин гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Рӯзи шанбе хабар расид, ки президенти Арманистон Армен Саркисян аз имзои фармони аз мақом барканорсозии сардори Ситоди кулли неруҳои Арманистон худдорӣ варзидааст. Сарвазир Пашинян барканорсозии сардори Ситоди куллро талаб дошт.

Вазорати мудофиаи Арманистон рӯзи шанбе даъват кард, ки неруҳои мусаллаҳ ба равандҳои сиёсӣ ҷалб нашаванд.

"Мо аз изҳоротдиҳандагон даъват мекунем, ки аз номи неруҳои мусаллаҳ ҳарф назананд, артишро ба ҷараёнҳои сиёсӣ ворид накунанд ва амнияти кишварро тобеи ҳадафҳои худ насозанд", - изҳор доштанд дар вазорати мудофиаи Арманистон.

Эътирозҳои оммавии ҷонибдорон ва мухолифони Пашинян рӯзи панҷшанбеи гузашта баъди он шуруъ шуд, ки Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Арманистон истеъфои сарвазирро талаб кард. Ин изҳоротро сардори Ситод Оник Гаспарян, муовинони вай, сардори шуъбаҳо ва корпусҳо имзо карданд.

Пашинян изҳороти мазкурро "талоши табаддулоти низомӣ" унвон ва эълом кард, ки сардори Ситоди кул барканор мешавад.

Бино ба қонунгузории он кишвар, президенти Арманистон бо пешниҳоди сарвазир сардори Ситоди куллро таъйин ва барканор мекунад. Аммо президенти Арманистон аз барканории сардори Ситод Оник Гаспарян худдорӣ варзид.

Пашинян бори дигар барканории сардори Ситодро ба президент пешниҳод кардааст. Ин бор президент се рӯз муҳлат дорад, ки фармонро имзо кунад ё тасмими сарвазирро ба Додгоҳи конститутсионӣ кашонад.

Тазоҳуроти ҷонибдорони Райимбек Матраимов дар Қирғизистон

Тазоҳуроти тарафдорони Раимбек Матраимов дар шаҳри Ӯш, 28-уми феврал, 2021.

Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон рӯзи 28-уми феврал ба ҷонибдорӣ аз муовини пешин ва боздоштшудаи раиси Хадамоти гумруки он кишвар Райимбек Матраимов тазоҳурот баргузор шуд. Ба ҳисоби созмондиҳандагони тазоҳурот, ба ҷонибдорӣ аз Матраимов дар майдони марказии Ӯш ҳудуди 15 ҳазор одам ҷамъ омаданд. Вале нозирони мустақил мегӯянд, теъдоди тазоҳургарон тақрибан 5 ҳазор буд.

Дар миёни эътирозгарон вакилони порлумони Қирғизистон, номзадҳо ба вакилии порлумон дар интихоботи соли 2020 аз ҳизби "Мекеним Қирғизистон" низ буданд. Аз ҷумла, муовини пешини раиси порлумони Қирғизистон Мирлан Бакиров, вакилони порлумон Таабалдӣ Тиллаев, Бактибек Райимкулов, Илхом Маннанов ва Искандер Матраимов. Ҳамаи ҷамъшудаҳо озодии Матраимовро талаб карданд.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop зикр шудааст. Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Баъди нашри таҳқиқот зидди Матраимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯ ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки Қирғизистон дар ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз ҳисоби гумрук айбдор шуданд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Раимбек Матраимовро дар фасодкорӣ айбдор эълом ва 260 ҳазор сом ($3 ҳазор) ҷарима ва қарори ҳабси дороиҳои ӯ, аз ҷумла хонаҳояш дар шаҳри Бишкеку Ӯш, вилояти Иссиқкӯлу ҳисобҳои бонкияшро бекор кард.

Вале ӯ 18 феврал аз сӯи мақомоти амниятӣ бо гумони пулшӯӣ дубора боздошт боздошт шуд.

Сокинони Қазоқистон бо талаби ислоҳот ба хиёбонҳо баромаданд

Тазоҳурот дар Қазоқистон.

Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон – Нурсултон, Алмато, Оқтеппа, Чимкент ва Уралск бо талаби ислоҳот ва ба ҷонибдорӣ аз маҳбусони сиёсӣ тазоҳурот баргузор шуд.

Дар Алмато эътирозгарон дар ду макон ҷамъ шуданд. Гуруҳи ташаббускори таъсиси "Ҳизби демократ" ҷонибдорони худро дар назди қасри Балуан Шолак ҷамъ кард. Минтақае, ки онҷо ҳамоиши эътирозӣ баргузор шуд, бо автобусҳо муҳосира шуда буд ва рӯзноманигоронро ба онҷо роҳ намедоданд. Маъмурони пулис дар гирди эътирозгарон ҳалқа зада буданд.

Боғи марказӣ ва фарҳангии шаҳр, ки мухолифи табъидӣ Мухтор Аблязов ҷонибдоронашро ба онҷо даъват карда буд, ба далели "рӯзи беҳдоштӣ" баста буд. Сокинонеро, ки ба самти боғ мерафтанд, дастаҷамъона боздошт мекарданд.

Дар Нурсултон кормандони пулис гирди онҳое ҳалқа заданд, ки ба хотири гиромӣ доштани хотираи фаъоли маданӣ Давлат Оғодил дар назди масҷид ҷамъ шуда буданд. Дарҳои масҷид баста буда, маъмурони пулис беш аз се соат ҷамъшудаҳоро дар "ҳалқа" нигаҳ доштанд.

Дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон кормандони пулис ба хотири пешгирӣ аз таҷаммуъ сокинонро боздошт карда, ба шуъба итиқол доданд.

Чехия бе тасдиқи Аврупо мехоҳад аз ваксинаи русии Sputnik-V истифода кунад

Андрей Бабиш нахуствазири Чехия бо Владимир Зеленский раисҷумҳури Украина

Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия гуфт, кишвараш метавонад, воксинаи русии Sputnik V-ро зидди короновирус бидуни тасдиқи Оҷонсии аврупоӣ оид ба доруворӣ истифода кунад.

Ҷумҳурии Чех бо 10,7 миллион аҳолӣ аз пандемияи COVID-19 сахт зиён дид ва мизони сироятёбӣ ба вирус дар ин кившар назар ба кишварҳои ҷаҳон хеле боло аст. Ба ҳолати 27-уми феврал дар шаҳри Прага танҳо 649 ҳазор нафар нафар ваксинаи Pfizer / BioNTech-ро гирифтанд. Дар ин кившар ҳамчунон ваксинаҳои тавлидаардаи ширкати Moderna ва AstraZeneca ҳам истифода мешавад.

Бабиш дар як суҳбат ба телевизиони CNN Prima News гуфт, “мо наметавонем, мунтазири тасдиқи Оҷонсии аврупоӣ оид ба доруворӣ бимонем, дар ҳоле ки Русия ба он дархост надодааст”. Ӯ гуфт, барои истифодаи воксинаи русӣ тасдиқи оҷонсии дорувории худи Чехия кофӣ хоҳад буд.

“SUKL- (Оҷонсии дорувории Чехия) бояд санадҳои ваксинаро омӯзад ва агар ин оҷонсӣ онро барои истифода тасдиқ кунад, Вазорати тандурстӣ ба таври истисно метавонад иҷоза диҳад... баъдан ҳар нафаре, ки ҳоҳишманд аст метавонад ин гуна ваксинаро бигирад”, гуфт Бабиш.

Бо ишора ба Венгрия, ки нахуствазир Виктор Орбан ваксинаи чиниро дастрас карда аст, Прага бо ваксинаи Sinopharm-и тавлидкардаи Чин ҳам метавонанд, айнин чунин корро кунад, иброз дошт Бабиш.

Нахуствазири Чехия гуфтааст, “ваксинаҳои Русия ва Чин нерӯгоҳи атомии Дуковани нестанд”. Ишораи Бабиш ба нерӯгоҳи атомӣ аз он аст, ки ду кишвар аз бехатарии ин нерӯгоҳи азим ибрози нигаронӣ кардаанд.

Изҳороти Бабиш дар ҳолест, ки қаблан 10-уми феврал ӯ гуфта буд, Чехия мунтазири тасдиқи Оҷонсии аврупоӣ оид ба доруворӣ хоҳад монд, қабл аз оне ки аз ваксинаи русӣ истифода кунад.

Исроил мегӯяд, мунфаҷир кардани киштии боркашон эҳтимол кори дасти Эрон аст

Киштии Helios Ray, ки ба Исроил тааллуқ дорад

Фармондеҳон ва сиёсатмадорони баландпояи Исроил рӯзи 28-уми феврал дар як ҳамоиш ҷамъ меоянд, то масъалаи ҳамла ба киштии боркашон дар халиҷи Оманро баррасӣ кунанд. Вазири мудофеаи Исроил гуфт, эҳтимол ин ҳамларо Эрон тарҳрезӣ кардааст.

Телевизион давлатии “Кан” аз қавли мақомдорони исроилӣ, ки аз онҳо ном бурда намешавад гуфт, Эрон бо ташкили таркиш дар киштии боркашони Helios Ray, ки боиси тахриби он шуд “хати сурхро убур кард”. Бени Ганс вазири дифои Исроил, рӯзи 27-уми феврал гуфт, эҳтимол пушти ҳамла ба киштии борбари мошинкашонӣ, ки аз бандари Дамами Арабистони Саъудӣ ба Сингапур равон буд, Эрон меистад.

Ганс ба телевизиони давлатӣ гуфт, “Макони киштӣ нисбатан ба Эрон наздик аст ва масъулияти ҳамларо ба души Эрон мегузорад, аммо инро ҳоло бояд санҷид. Инро ман бо назардошти наздик будани мавқеи будубоши киштӣ арзёби кардам”, гуфт ӯ.

Мақомоти расмии Эрон дар ин робита то ба ҳол, ягон вокунише накарданд. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ширкати идоракунандаи бандари давлатии Имороти Муттаҳидаи Араб, DP World гуфт, зиёни воридшуда ба киштии Helios Ray-ро то якуми март арзёбӣ хоҳанд кард. Телевизиони “13 News”-и Исроил хабар дод, ки як ҳайати исроилӣ барои тафтиши ин қазия ба шаҳри Дубай сафар кард.

Пайрави зиндонии "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон таҳти ҳимояти USCIRF қарор гирифт

Шамил Ҳакимов пайрави "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон

Нуру Туркел нозири Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ Шомил Ҳакимов як пайрави фирқаи “Шоҳидони Яҳво”-ро, ки барои 7,5 дар Тоҷикистон зиндон шудааст зери ҳимояти худ қарор додааст.

Дар як баёнияи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ (USCIRF), ки рӯзи 24-уми феврал нашр шудааст, гуфта мешавад аокимов дар доираи барномаи “Маҳбусони мазҳабӣ” мавриди ҳимоят қарор хоҳад гирифт. Шамил Ҳакимов, як узви созмони насронии дар Тоҷикистон мамнӯи "Шоҳидони Яҳво", бо ҷурми барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ сентябри соли 2019 ба 7.5 соли ҳабс маҳкум шуд. Ба гуфтаи мақомот Ҳамкимов ҷашни Наврӯзро мазаммат карда, онро “мероси даврони оташпарастӣ”, номидааст.

Дар баёнияи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ гуфта мешавад, Ҳакимови бемор аз соли 2019 дар зиндони пур аз маҳбусон нигоҳ дошта мешавад, ки бо иттиҳоми сохта ба 7,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

“Ҳакимов бемории фишорбаландӣ дорад ва ҳангоми боздошт шудан дар таърихи 26-уми феврали соли 2019 пас аз ҷарроҳӣ саломатии худро барқарор мекард. Дар зиндон ба Ҳакимов иҷозат надодаанд, ки китоби Инҷилро қироат кунад. Дар сурати озод шудан дар соли 2025 низ ӯ се соли дигар ҳақ надорад, дар кори иттиҳодияҳои дини ширкат варзад. Мақомоти Тоҷикистон амалан зиндагии ин шахсро бинобар эътиқоди диниаш ба ҳам мезананд”, гуфта мешавад дар изҳороти ин созмон.

Созмони динии масеҳии Шоҳидони Яҳво соли 1997 фаъолияташро дар Тоҷикистон қонунӣ карда, аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта мешуд. Фаъолияти ин созмони насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури динро ба уҳда дошт, мамнуъ эълон шуд ва додгоҳ низ ин қарорро тасдиқ кард.

Толибон дар Афғонистон се узви хонаводаи рӯзноманигорро куштанд

Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон (AIHRC) рӯзи 28-уми феврал гуфт, як фармондеҳи Толибон се узви оилаи рӯзноманигори кушташударо дар маркази вилояти Ғур ба қатл расондааст.

Рӯзноманигор Бисмиллоҳ Одил Аймоқ сардабири як радиои хусусӣ дар вилояти Ғур буд ва дар аввали моҳи январи имсол аз ҷониби афроди мусаллаҳи ношинос кушта шуд.

Рӯзи 25-уми феврал афроди мусаллаҳ ба хонаи падари Аймоқ дар канораи Фирузкӯҳ ҳамла карданд. Сабаби ҳамла ҳанӯз рӯшан нест. Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон хабар дод, ки илова бар се нафари кушташуда, ҷангҷӯёни Толибони чаҳор нафарро маҷрӯҳ карда, се узви дигари хонаводаро рабудаанд.

Комиссияи мазкур аз мақомоти Афғонистон даъват кард, ки ин қазияро тафтиш кунанд. Масъулияти ҳамла ба хонаводаи Аймоқро ҳеҷ гурӯҳ ба дӯш нагирифтааст. Рӯзи 26-уми феврал сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, Толибон дар ташкили ҳамла даст надоранд. Моҳҳои охир ҳамла ба рӯзноманигорон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши "Созмони Ҳимояткунадаи Расонаҳои Озоди Афғонистон" - як пойгоҳи мониторинги ВАО дар Кобул, давоми соли 2020 ҳадди ақал 11 корманди васоити ахбори умум дар Афғонистон кушта шуданд. Ҳукумати Афғонистон дар ташкили ҳамлаҳо Толибонро айбдор мекунад. Гурӯҳи мусаллаҳ даст доштани худро рад мекунад.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (RSF) мегӯяд, Афғонистон ҳоло яке аз минтақаҳои хатарзо дар ҷаҳон барои рӯзноманигорон аст.

Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Русия. Соли гузашта 300 тобут овардаанд

Тобути яке аз муҳоҷирони тоҷик. Акс аз соли 2019

Як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар Русия ҷон бохтааст. Расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои интизомии ин кишвар гуфтанд, ҳодиса шоми 26-уми феврал дар роҳи Петрозаводск - Санкт-Петербург рух дод, вале аз шаҳрванди Тоҷикистон ном набурданд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина иттилоъ надодааст. Як манбаи огоҳ дар идораҳои расмии Тоҷикистон гуфт, дар сурати тасдиқи хабар, иттилои пурраро дар ихтиёри матбуот мегузоранд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия навиштанд, ронандаи мошини "Нексия", ки шаҳрванди Тоҷикистон савори он буд, дар шифохона бистарист. Сомонаи "Петрозаводск говорит" навишт, мусофирбари МАЗ ба мошин бурхӯрдааст. "Дар он мусофирбар 19 нафар будаанд, вале касе осеб надидааст", -- навишт манбаъ.

Ҳар сол дар Русия садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун, ба мисли садамаи нақлиётӣ, фалокат дар сохтмон, маризӣ ва қисме бо марги иҷборӣ, аз ҷумла аз дасти гурӯҳҳои раҳзан ё қавмгаро вафот мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишвар аз Русия ба ватан оварда шуд. Дастикам панҷоҳ тобутро моҳи июни соли гузашта тавассути роҳи заминӣ оварданд. Муҳоҷирон мегӯянд, ба сабаби баста будани марзҳо баъзе аз ҷасадҳоро дар Русия дафн карданд.

Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро ба ватан меоварданд.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. То замони пандемия, онҳо аз Русия солона ба Тоҷикистон бештар аз ду миллиард доллар мефиристоданд, аммо ба иттилои раҳбарияти Бонки Миллӣ, имсол муҳоҷирон 6,3 дарсад камтар пул фиристодаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷирони тоҷикро дар Русия камтар аз ним миллион нафар мегӯянд, мақомоти Русия ин рақамро бештар аз 1 миллион медонанд. Вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврали имсол сабаби тафовутро шарҳ дод ва гуфт, Тоҷикистон танҳо муҳоҷиронро ҳисоб мекунад, Русия аъзои оилаи онҳоро низ ба шумор мегирад.

Барои ҳамла ба Капитол беш аз 300 нафар муттаҳам шудаанд

Барои ҳамла ба бинои Конгресси Амрико беш аз 300 кас муттаҳам шудаанд. Ҳамла рӯзи 6-уми январ ва дар соатҳое рух дод, ки Конгресс пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи президентии 3-юми ноябри соли гузашта расман тасдиқ мекард. Мақомот гуфтанд, ҳамлаварон ҷонибдорони президенти собиқ Доналд Трамп буданд.

Ҷон Карлин, муовини додситони кулли Амрико, рӯзи 26-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, дастикам 280 нафарро Вазорати адлия дастгир кардааст.

Ба қавли ӯ, таҳқиқот дар мавриди афроди масъул "бо суръату миқёси бесобиқа" идома дорад ва масъулин бояд посухгӯ бошанд.

Дар ҳамла ба бинои Конгресс дастикам панҷ нафар, аз ҷумла як афсари пулис ҷон бохтанд.

Бисёре аз ҳамлаварон бар асоси навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир шудаанд. Ба иттилои расмӣ, яке аз онҳо бо гузоштани видео ва ҳузураш дар байни ҳамлаварон ифтихор карда буд.

Баъд аз як ҳафтаи ҳодиса Доналд Трамп бо иттиҳоми таҳрики ҳамлаварон бо "импичмент" рӯ ба рӯ шуд, вале рӯзи 13-уми феврал Сенат ӯро "бахшид".

Дар Маскав аз шашумин солгарди қатли Борис Немтсов ёд оварданд

Ёдбуди Борис Немтсов дар Маскав

Дар шаҳри Маскав аз шашумин солгарди кушта шудани Борис Немтсов, яке аз мунтақидони барҷастаи ҳукумати Русия, ёд оварданд. Немтсов рӯзи 27-уми феврали соли 2015 дар болои пули калони рӯди Маскав ва дар наздикии кохи Кремлин бо зарби тир кушта шуд.

Садҳо фаъоли мухолифин ва чанде аз дипломатҳои ғарбӣ рӯзи 27-уми феврали имсол дар рӯйи ин пул ҷамъ омада, шамъу гул гузоштанд. Дар гузашта дар ин рӯз роҳпаймоӣ баргузор мешуд, аммо бо далели бемории ҳамагир фаъолони мухолифин бо таҷаммуъи хурд иктифо карданд.

Михаил Касянов, сиёсатмадори мухолиф ва нахуствазири пешини Русия, рӯзи 27-уми феврал ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфт, "ҳар сол дар ин рӯз дар инҷо ҷамъ мешавем, то ба ҳукумат нишон диҳем, ки фаромӯш накардаем ва фаромӯш нахоҳем кард."

Дар ин маросим сафирони Амрикову Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё дар Русия ва, инчунин, намояндагони дигари кишварҳои ғарбӣ ҳузур доштанд.

Шашумин солгарди қатли Борис Немтсов дар ҳоле баргузор шуд, ки раҳбари мухолифони ҳукумати Русия, Алексей Навалний, ба зиндон маҳкум шуда, ҷонибдоронаш зери фишор қарор гирифтаанд.

Сенатори амрикоӣ гуфт, аз "иқдоми зиддидемократӣ" дар Гурҷистон нигарон аст

Боб Менендез

Боб Менендез, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, дар мавриди "иқдоми зиддидемократӣ" дар Қафқози Ҷанубӣ ибрози нигаронӣ карда, дар ин робита ба сафи ҳамтоёнаш аз Олмону Литва, Эстония, Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех пайваст.

Муттаҳидони Амрико дар эъломияи муштарак ҳамла ба дафтари Ҷунбиши иттиҳоди миллии Гурҷистон ва боздошти раҳбари он Ника Мелиаро танқид кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ин ҳаракат "демократия ва озодии шиканандаро дар Гурҷистон" ошкор месозад.

Эъломия рӯзи 26-уми феврал нашр шуд.

Ҳамлаи пулис ба дафтари Ҷунбиши иттиҳоди миллии Гурҷистон рӯзи 23-юми феврали имсол сурат гирифт. Ника Мелиа барои таҳрики хушунат дар ҷараёни эътирозҳои моҳи июни соли 2019 муттаҳам мешавад, аммо худаш ин иттиҳомро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид.

Созмони Афви Байнулмилал низ истифодаи шадид аз қудратро барои боздошти Ника Мелиа "як ҳаракати нигаронкунанда" дар Гурҷистон хондааст.

Чехия вазъияти бадеро дар замони пандемия таҷриба мекунад

Марзи Олмону Ҷумҳурии Чех

Ҷумҳурии Чех вазъияти бадтаринро дар ҷараёни пандемияи коронавирус таҷриба мекунад. Аз тақрибан 11 миллион аҳолии ин кишвари аврупоӣ то кунун беш аз як миллиону дусад ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 20 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳоле ки баъзе аз кишварҳо аз "сабук" шудани вазъи вобаста ба коронавируси нав хабар медиҳанд, дар Чехия маҳдудиятҳои сахттар ҷорӣ мешавад. Яке аз муқаррароти нав ин аст, ки сокинон бояд ду ниқоби тиббиро рӯйи ҳам бипӯшанд ва ё аз ниқобҳои вижа, ки қудрати муҳофизаташ бештар аст, истифода кунанд.

Муқаррароти манъи гаштугузор низ аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ аз соати 9-и шаб то 5-и субҳ давом мекунад. Ба истиснои фурӯшгоҳҳои маводи ғизоиву ҷиҳози кӯдакон ва дорухонаҳо фурӯшгоҳҳои дигар ва мактабу баъзе аз коргоҳҳо бастаанд.

Зоҳиран маҳдудиятҳои шадид то ҳанӯз натавонистаанд, ҷилави густариши коронавирусро дар Ҷумҳурии Чех бигиранд. Рӯзона гирифтории аз 10 то 15 ҳазор тан ба ин вирус тасдиқ мешавад.

Паҳншавии намуди нави коронавирус корро дар Чехия мушкилтар карда, зарфияти шифохонаҳо ба ҳадди ниҳоӣ расидааст. Акнун аз Олмону Австрия кумак хоста шудааст, то барои муолиҷаи беморони COVID-19 ҳамкорӣ кунанд.

Андрей Бабиш, сарвазири Чехия, гуфт, рӯзҳои душворе дар пеши рӯй аст. Вай афзуд, "мехоҳам, такрор кунам, ки ҳеч хабари хуше надорам, аммо ниёз аст, то маҳдудиятҳо идома ёбанд. Дар ғайри он фоҷиа дар шифохонаҳои мо ба бор хоҳад омад. Аз ҳама хоҳиш мекунам, ки вазъиятро дарк кунанд, зеро ҳеч гоҳе чунин вазъиятро таҷриба накарда будем."

Гуруҳе аз сокинон мухолифи маҳдудиятҳо ҳастанд
Гуруҳе аз сокинон мухолифи маҳдудиятҳо ҳастанд

Дар ҳоли ҳозир Олмону Лаҳистон, Австрия ва Словакия ба ҷуз аз мавридҳои истисноӣ иҷозаи равуоро аз (ба) Чехия намедиҳанд.

Бо оғози татбиқи ваксинаи зидди коронавирус дар моҳи декабри соли гузашта, умедвориҳо дар Чехия зиёд буд, ки шояд аз мавридҳои сирояти беморӣ ҷилавгирӣ шавад, аммо гуфта мешавад, ваксинзанӣ дар ин кишвар ба кундӣ пеш меравад. То кунун фақат 624 ҳазор дона ваксина татбиқ шуда, ки дар муқоиса бо аҳолии Ҷумҳурии Чех ва шумори мубталоён хеле андак ва ночиз будааст.

Бемории ҳамагир, ки дар охири соли 2019 кашф шуд, то кунун ба беш аз 114 миллион кас дар ҷаҳон сироят карда, боис ба марги зиёда аз дуним миллион нафар шудааст. Кишварҳо мегӯянд, беш аз 83 миллион тан шифо ёфтанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани мавридҳои сирояти беморӣ гузориш медиҳад, ҳарчанд дар кишвар шубҳаҳо ба омори расмӣ боқист. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беморӣ ба беш аз 13 ҳазор кас сироят карда, 90 нафарро куштааст.

Дар Узбекистон устухонҳои навъи ношинохтаи динозавреро ёфтаанд

Ҳанс-Дитер Сюз, бостоншинос аз Донишкадаи Смитсонови Вашингтон ва Александр Аверянов, узви Академияи илмҳои Русия, намуди нави динозавреро, ки дар Узбекистон пайдо шуд, Dzharatitanis kingi (мухтарас D.Kingi) номиданд.

Калимаи аввал аз номи ноҳияи Ҷарқудуқ гирифта шудааст, ки устухонпораҳо дар онҷо ёфтанд. Калимаи дувум насаби олим Кристофер Кинг аст, ки дар шиносоии устухонҳо мадад кардааст.

Соли 2016 Сюз, Стивен Брюсаттӣ, Эмӣ Мюир ва Ен Б.Батлер динозаври дигарро, ки дар Узбекистон пайдо шуда буд, Амир Темур унвон карданд.

D.Kingi навъи махсуси динозаврҳои rebbachisaurid аст, ки пештар аз ин танҳо дар минтақаи Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Амрико пайдо шуда буданд. Сюз мегӯяд, эҳтимол ин навъи динозаврҳо 90-100 миллион сол пеш дар рӯйи замин мавҷуд буданд.

Сафири Мянмар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, режими низомиро напазиранд

Мянмар

Сафири Мянмар (Бирма) дар Созмони Милали Муттаҳид мухолифаташро бо кудето ё табаддулоти давлатӣ дар он кишвар иброз дошт.

Кяу Моэ Тун рӯзи 26-уми феврал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои эҳё ва ё барқарор кардани ҳукумати ғайринизомӣ дар Мянмар кумак кунанд. Вай аз ҳамаи кишварҳо талаб кард, кудето дар Мянмарро ба таври ошкор танқид карда, аз эътирофи расмии режими низомӣ худдорӣ варзанд.

Мянмар аз аввали моҳи феврали имсол, замоне ки артиш қудратро ба даст гирифт ва Аунг Сан Су Чи, раҳбари мунтахаб ва бисёре аз аъзои ҳизби ӯро дастгир кард, дучори ҳарҷу марҷ шуд.

Артиш иддао дорад, ки дар интихоботи моҳи ноябри соли гузашта, ки ҳизби Аунг Сан Су Чи баранда эълон шуд, тақаллуб сурат гирифтааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG