Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мушаки наверо озмоиш кард


Исроил имрӯз як мушакеро озмоиш кард, ки қодир ба бурдани кулоҳаки ҳастаӣ ва ҳадаф гирифтани Эрон будааст. Вазорати дифоъи Исроил дар ин бора хабар дод. Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил бо муввафақиятомез хондани озмоиш, онро “як гоми муҳим дар барномаи мушакӣ ва кайҳонии Исроил” хонд. Дар гузориши Радиои Исроил мушакро “мушаки баллистикӣ” номид, ки ин мафҳум асосан барои мушакҳои дурпарвоз ва қодир ба ҳамли кулоҳакҳои атомӣ истифода мешавад. Ду рӯз пеш аз ин Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, барномаи ҳастаии Эрон “як хатари сангин ва мустақим” барои амнияти кишвараш аст.
XS
SM
MD
LG