Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли Саудӣ барои таъмини амнияти маросими Ҳаҷ


Шоҳзода Найоф, валиаҳди шоҳи Арабистони Саудӣ, мегӯяд, кишвараш ба хотири таъмини амният дар маросими ҳаҷҷи имсола “тамоми корро” хоҳад кард. Ҳушдори ӯ дар ҳолест, ки талотум дар теъдоде аз кишварҳои арабӣ идома дорад ва таниш миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон боло гирифтааст. Айни замон миллионҳо нафар аз эътиқодмандон аз саросари ҷаҳон ба хотири зиёрати Хонаи Худо вориди Макка мешаванд. Дар соли 1987 дар як бархӯрд миёни зойирини эронӣ ва маъмурони амниятии Арабистони Саудӣ садҳо нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG