Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бори дигар таҳияи сӯиқасд ба ҷони дипломатро рад кард


Найаф бини Абдулазиз
Найаф бини Абдулазиз
Эрон бо ирсоли номаи расмӣ ба ИМА иттиҳоми Вошингтон дар бораи даст доштани Теҳрон дар сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони саудӣ дар Амрикоро рад кардааст.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико изҳор намуд, ки матни нома ҳафт саҳифаро ташкил медиҳад ва аммо дар он тозагие дида намешавад.

Дирӯз шоҳзодаи Арабистони саудӣ Найаф бини Абдулазиз дар нишасти хабарӣ дар Макка гуфт, ки кишвараш дар тафтиши иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони дипломати саудӣ бо Эрон ягон хел созиш нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG