Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобулу Исломобод куштори Раббониро таҳқиқ мекунанд


Сарони Афғонистону Покистон Ҳомид Карзай ва Осеф Алӣ Зардорӣ дирӯз дар музокирот дар Истамбул бо миёнҷигарии раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул дар бораи таҳқиқи муштараки куштори раисиҷумҳури пешини Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ ба тавофуқ расиданд.

Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои миллии сулҳи Афғонистон, рӯзи 20 сентябр бар асари ҳамлаи террористӣ дар Кобул кушта шуд.

Ба думболи ин ҳодиса Кобул бо ишора ба он ки террористи маргталаб покистонӣ буд, Исломободро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористиву ифтротгаро айбдор намуд.

Ва аммо Исломобод ин иттиҳомро рад кард ва дар навбати худ эълом дошт, ки гурӯҳҳои террористӣ қаламрави Афғонистонро барои ҳамла ба Покистон истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG