Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Хатари резиши сангпораҳо дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон

Боришоти пайдарпаи 5 рӯзи ахир ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистонро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ хатари резиши сангпораҳо вуҷуд дорад. Дар баъзе аз қисматҳои ин роҳ резиши регу гил мушоҳида шудааст. Дар баландии бештар аз як ҳазор метр борон ба барф табдил ёфтааст. Роҳи ағбаи Шаҳристон бино ба бориши зиёди барф ҳоло баста аст. Ҳавошиносн пешгӯӣ кардаанд, ки боришоти кунунӣ дар Тоҷикистон то охири ҳафтаи ҷорӣ давом мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар таркиши балони газ дар Панҷакент 12 нафар захмӣ шуданд

Шаҳри Панҷакент. Акс аз бойгонӣ.

Бар асари таркиши балони гази моеъ дар шаҳри Панҷакент 12 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳодиса қабл аз зӯҳри душанбеи 25-уми январ дар чойхонаи "Самарқанд"-и шаҳри Панҷакент воқеъ рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, чойхона дар иҷораи сокини деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондара Ёлқин Тиллоев будааст.

Мақомот сабаби ин таркишро "риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ" гуфтаанд.

Тафсилоти бештар дар робита ба ин ҳодиса аз манбаъҳои мустақил то кунун дастрас нест. Як хабарнигори маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимолан шумораи захмиён аз 15 нафар бештар бошад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардааст.

Байдену Макрон ҳамкориҳои наздики ИМА ва Аврупоро баррасӣ карданд

Ҷо Байден 20-уми январ дар мақоми президенти нави ИМА савганд ёд кард

Президентони Фаронса ва ИМА - Эммануэл Макрон ва Ҷо Байден ба мувофиқа расиданд, ки дар масоили мубориза бо коронавирус ва тағйироти иқлим ҳамкорӣ мекунанд. Сӯҳбати нахустини телефонии онҳо рӯзи 24-уми январ баргузор шуд. Дар изҳороти дафтари президенти Фаронса омадааст, ки ду раҳбар “барои ҳамкорӣ ба хотири сулҳ дар Ховари Наздику Миёна, бахусус дар ҳалли масоили ҳастаии Эрон изҳори омодагӣ карданд”. Ҳафтаи гузашта Макрон аз тасмими Байден барои бозгашти ИМА ба созишҳое, ки аз он президенти пешин Доналд Трамп хориҷ шуда буд, истиқбол кард. Дар оғоз Макрон талош мекард бо Трамп равобити хубе барпо кунад, вале баъдан муносибатҳои ҳарду сардтар шуд. Сӯҳбати телефонии Байден ба Макрон, ки тахминан як соат идома дошт, бо ҳадафи оддӣ шудани муносибатҳои ду ҷониб барпо гардид. Кохи Сафед дар изҳороте гуфт, ки Байден ба ҳамкориву ҳамоҳангӣ дар масоили мисли созиши Париж дар заминаи тағйироти иқлим, тадбирҳои зидди COVID-19 ва иқтисоди ҷаҳонӣ тааҳҳуд кардааст. Дар изҳорот инчунин дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби НАТО ва ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо гуфта шудааст. Дар сӯҳбати президентони ИМА ва Фаронса масоили Чин, Ховари Миёна, Русия ва минтақаи Соҳил низ матраҳ шуд.

Боздошти ду киштӣ дар Индонезия ба ҳангоми эҳтимоли қочоқи нафти Эрон

24 январ, лаҳзаи ошкор шудани киштиҳои MT Horse (аз чап) ва MT Frea (аз рост) дар ҷазираи Борнеои Индонезия

Индонезия гуфт, ки ду киштии нафткаши Эрон ва давлати Панамаро бо иттиҳоми қочоқи нафт дар обҳои ин кишвари Осиёи ҷанубушарқӣ боздошт кардааст. Дар гузашта Эронро чандин бор дар он муттаҳам карданд, ки бо талоши фирор аз таҳримҳои ИМА, низоми назорати ҳаракати киштиҳоро хароб мекунад. Оҷонсии амнияти баҳрии Индонезия рӯзи 25-уми январ гуфт, ки нафткашҳои азими MT Horse ва MT Freya рӯзи гузашта дар обҳои вилояти Калимантан боздошт шуданд ва барои баргузории тафтишот ба ҷазираи Батам интиқол дода мешаванд. Сухангӯи ин оҷонсӣ гуфт, ки киштиронҳо нахостанд парчами давлати худро нишон диҳанд, системаи назорати ҳаракати киштиҳоро кушта ба тамосҳои радиоӣ посух надоданд. Мақомоти Индонезия гуфтанд, ки масъулини ду киштӣ лаҳзае ошкор ва дастгир шуданд, ки аз киштии MT Horse ба MT Freya нафтро интиқол бидиҳанд. Ҳамаи 61 сарнишини ду киштӣ боздошт шуданд. Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки аз Индонезия дархост намуд ҷузъиёти ин ҳодисаи боздоштро ошкор кунад.

Ҳодисаҳои нохуш дар чанд рӯзи номусоидии ҳаво дар Тоҷикистон

Чанд рӯзи ахир Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон шоҳиди барфрезиҳои зиёд шудаанд

Ҳавои номусоиди чанд рӯзи ахир ҳодисаҳои нохушро дар Тоҷикистон афзоиш додааст. Сухангӯи Кумитаи ҳолатаҳои фавқуллода рӯзи 25 январ гуфт, ки барфрезии зиёд дар охири ҳафтаи гузашта баъзе аз қисматҳои роҳи мошингарди ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро баст. Баъди тоза кардани барф ҳоло роҳҳо дубора боз гардидаанд. Рӯзи 22 -юми январ дар ноҳияи Дарвоз садами мудҳиш рух дод. Сокини 46-солаи шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе аз ӯҳдаи идораи мошини “Ланд Крузер”-аш набаромада, ба ҷарии 40-метр сарозер шуд. Дар натиҷа ронанда бо ду мусофир ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб интиқол ёфтанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, боди сахт боми 8 бинои истиқоматӣ ва маъмуриро дар ноҳияҳои Исфара ва Ҳисор хароб кард. Касе дар пайи ин ҳодисаҳо осеб надидааст. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимоли зиёди фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Парвоз нест, вале қабули донишҷӯён бекор нашуд. Русия аз квотаҳо гуфт

Бархе донишгоҳҳо дар Русия бо риояи ҳатмии талаботи Роспотребнадзор ҷараёни таълими ҳузуриро идома медиҳанд

Намояндагии “Россотдрудничество” дар Тоҷикистон дар бораи шурӯи номнависӣ барои таҳсил дар макотиби олии Русия дар соли хониши 2021-2022 хабар медиҳад. Сабти довталабон тариқи вебсайт аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Қаблан нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарори зиёд кардани квотаро барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имзо намуд. Тибқи он, дар соли нави хониш шумори квотаҳо 18 ҳазор, соли 2022 - 23 ҳазор ва шурӯъ аз соли 2023 - 30 ҳазор хоҳад буд. Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ 630 квотаро соҳиб шудааст. Донишҷӯёни тоҷике, ки соли гузашта тибқи квота ба донишгоҳҳои Русия дохил шуданд, бинобар пандемияи коронавирус натавонистанд ба Русия сафар кунанд. Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки дарсҳоро тариқи онлайнӣ бихонанд. Мақомоти рус гуфтанд, бозгашти донишҷӯён ба Русия дар сурати барқарор шудани парвозҳои доимӣ имконпазир хоҳад шуд.

АП: Парвози транзитӣ аз Тошканд ба Қазоқистон бидуни иҷозати ситод имкон надорад

Яке аз толорҳои пешвозгирии фурудгоҳи шаҳри Тошканд

Талоши бархе шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Қазоқистон тавассути парвози транзитии шаҳри Тошканд натиҷа надод. Парвозҳои миёни Тошканду Душанбе ҳафтаи гузашта барқарор шудааст. Оҷонсии “Азия-Плюс” бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки сафари транзитӣ аз Узбекистон ба Қазоқистон дар ҳоле иҷозат аст, ки агар мусофирони тоҷик иҷозатномаи Ситоди муқобила бо коронавируси Қазоқистонро дошта бошанд. Яъне агар шумо ҳатто аз ягон корхонаву идораи Қазоқистон даъватнома доша бошед, вале бидуни иҷозатномаи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19– и Қазоқистон шуморо ба ин кишвар роҳ намедиҳанд. То ҳанӯз равуои ҳавоӣ байни Душанбе ва Алмаато барқарор нашудааст.

Даромади буҷаи Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон коҳиш ёфт

Гурӯҳи муҳоҷирони узбек дар Маскав

Русия дар 11 моҳи соли гузашта аз ҳисоби пули патенти муҳоҷирон беш аз 577 миллион доллар фоида гирифтааст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2018 ин нишондод 757 миллион доллар будааст.

Дар ин вазорат гуфтанд, ки аз моҳи январ то ноябри соли 2020 дар ҳудуди Русия каме беш аз миллион нафар муҳоҷирон патент гирифтаанд, дар ҳоле, ки соли 2019 - 1 миллиону 700 ҳазор нафар соҳиби патенти кор шудаанд.

Қаблан эълон шуда буд, ки сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар бо сабаби пандемияву маҳдудиятҳо 50 фоиз коҳиш ёфтааст. Русия соли 2015 муқаррароти доштани ҳатмии патенти корро ҷорӣ кард ва буҷаи он кишвар ҳар сол аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирони корӣ миллионҳо доллар фоида мебинад. Муҳоҷирон бе патент ҳаққи кор дар Русияро надоранд ва дар сурати надоштани он ҷарима ва аз қаламрави он кишвар ихроҷ мешаванд. Феълан нархи патенти кор дар ҳудуди шаҳри Маскав 5341 рубл, дар вилояти Маскав 5092 рубл ва шаҳри Санкт-Петербург 3993 рублро ташкил медиҳад.

Мақомоти тоҷик сафари сохтмончиёни тоҷик ба Иркутскро тасдиқ карданд

Фурудгоҳи шаҳри Иркутск

Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи аввали сохтмончиёни тоҷик ҳафтаи равон ба шаҳри Иркустки Русия барои кор интиқол дода мешаванд. Қарор аст садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳри Русия дар мувофиқа бо се ширкати сохтмонӣ бо ҷойи кор таъмин шаванд. Вазорат рӯзи 25 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи хароҷоти муҳоҷирони тоҷик - шурӯъ аз парвозу ҳуҷҷатгузорӣ то таъмин бо хӯроку хобгоҳ ва карантини дуҳафтаина, аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонӣ пардохта мешавад. Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, сафари муҳоҷирони корӣ ба Иркутск дар чаҳорчӯби созишномае сурат мегирад, ки бо дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова қабул шудааст.

Дар шароити пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ, ки бисёр соҳаҳои иқтисоди Русияро фаро гирифтааст, сафари корҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Русия бозори асосии кори онҳо ба шумор мешавад, аз соли гузашта ба ин сӯ манъ шудааст. Камбуди нирӯи кории дохиливу боздошта шудани корҳо дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла сохтмон, барои соҳибкорону корхонаҳо мушкилоти зиёд эҷод кардааст.

Иркутск дар 5-ҳазоркилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, шаҳри шашуми калонтарини минтақаи Сибири Русия – макони зисти беш аз 600 ҳазор сокин мебошад.

Дейзи Синделар иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО шуд

Дейзи Синделар журналисти собиқадори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ иҷрокунандаи вазифаи президенти ин муассиса таъин шуд

Бо қарори раҳбари кунунии Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико (USAGM), Дейзи Синделар иҷрокунандаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъин шуд. Инчунин дар изҳороти 24-уми январи Келу Чао, иҷрокунандаи мақоми Раиси USAGM гуфта мешавад, ки Бей Фанг - президенти Радиои “Осиёи озод” (RFA) ва Келли Салливан - иҷрокунандаи президенти Шабакаи суханпарокании Ховари Миёна (MBN) таъин мешаванд. Чао гуфт, “боварии зиёд дорам, ки ин раҳбарон журнализми баландсифати мустақил, бетарафона ва касбиро таъмин хоҳанд кард”.

Синделар, ки дар вазифаи муовини президент ва сардабири РАО/РО кор мекард, ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи президенти ин расона баргашт. Ӯ дар ин мақом баъди дар моҳи июни соли 2020 аз вазифаи президенти РАО/РО барканор шудани Ҷейми Флай кор карда буд.

Чао бо як қарори худ аз 22-юми январ президенти РАО/РО Тед Липиенро ҳамроҳ бо ду раҳбари RFA ва MBN ҳамагӣ як моҳ баъди таин шудани онҳо ба ин мақом барканор кард. Як рӯз пеш аз ин тасмимаш, мудир ва муовини мудири Радиои “Садои Амрико”-ро барканор кард ва раҳбари дафтари суханпарокании Куба ба истеъфо рафт.

Ин тағйирот баъди он сурат гирифт, ки Майкл Пак - дастнишондаи президенти пешин Доналд Трамп – дар чанд соат баъди сари кор омадани президенти нави ИМА Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ аз мақоми раҳбари USAGM истеъфо дод. Демократҳову ҷумҳурихоҳҳо дар ИМА Пакро барои сиёсатҳову таъиноташ интиқод мекарданд. Ин коргардони филмҳои мустанад моҳи июни солли 2020 дар мақомаш тасдиқ шуд ва аз он замон то кунун барои мудохилааш ба сиёсати таҳририяи бунгоҳҳои хабарии зери назараш мавриди интиқод буд.

USAGM бо 800 миллион доллар буҷаи солона панҷ шабакаро зери назар дорад. Инҳо “Садои Амрико”, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Радиои “Осиёи озод”, Шабакаи суханпарокании Ховари Миёна ва дафтари суханпарокании Куба мебошанд. Дар маҷмӯъ ин ҳама расонаҳоро 350 миллион нафар дар ҳафта тавассути барномаҳои радиоӣ, телевизионӣ ва интернетӣ дарёфт мекунанд. “Садои Амрико” ва радиои Куба тобеи ҳукумати ИМА аст. РАО/РО, “Осиёи озод” ва Шабакаи Ховари Миёна сохторҳои мустақил ва ғайритиҷоратӣ буда, бо пули андозсупорандаҳои ИМА тавассути Конгресс маблағгузорӣ мешаванд.

Се сокини Леваканд дар кӯҳи Хоҷамастон бедарак шудаанд

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, ки барфи баланд дар кӯҳҳои атрофи деҳаи Зағертии шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд), амалиёти ҷустуҷӯи се сокини ин маҳалро ба душворӣ рӯбарӯ кардааст.

Се сокини ин деҳа -- Баён Салихови 45-сола, писари ӯ Муҳтоҷиддини 14-сола ва ҳамсояи онҳо Рустам Саидови 22-сол панҷ рӯз қабл барои пайдо кардани чорвои худ ба кӯҳи Хоҷамастон баромаданд, вале бедарак шуданд.

Муродҷон Муҳиддинов, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Левакант гуфт, вақте ин афрод бегоҳии панҷшанбе ба ҷустуҷӯи чорвои худ ба кӯҳ рафтанд, барф набудааст, вале шабона ҳаво тағйир карда, барфи зиёд боридааст. Ба гуфтаи КҲФ, ҳоло сатҳи барф дар ин маҳал ҳудуди як метрро ташкил медиҳад ва кори наҷотдиҳандагонро дар пайдо кардани ин афрод душвор кардааст.

Сокинони деаи Зағертӣ гуфтанд, ки охирин тамоси онҳо аз кӯҳ соати шаши шоми 21-уми январ будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан аз мардум хоста буд, ки рӯзҳои 22-23 январ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, ба кӯҳҳо нараванд ва низ ба ронандаҳо маслиҳат дод, ки дар сурати яхбандӣ ва ҳавои пурборишу сард, аз сафарҳои безарурат даст кашанд.

Охири ҳафтаи гузашта дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон барфи сангин борид.

ИА дар заминаи боздошти Навалний ва саркӯби эътирозгарон вокуниш мекунад

Маскав, 24 январ. Полис як фаъоли мухолифон Павел Крисевичро, ки ба тарафдоронии Алексей Навалний даст ба эътироз зад, боздошт карданд

Қарор аст, вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз, 25-уми январ вокуниши иттиҳод ба боздошти Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русияро баррасӣ мекунанд. Рӯзе аз ин пештар маъмурони пулис ҳангоми тазоҳурот ба тарафдории Алексей Навалний дар шаҳрҳои гуногуни Русия бештар аз ҳазорон нафарро дастгир карданд. Жозеп Боррел, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, дар нишасти рӯзи 25-уми январ “қадамҳои баъдӣ” нисбат ба Русияро баррасӣ мекунанд. Чанде аз кишварҳои иттиҳодия хостаанд, ки ба зидди Русия таҳримоти иловагӣ эъмол шавад. Бар асоси иттилои маркази ОВД-Инфо, дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи 23-уми январ дар саросари Русия бештар аз 3700 тазоҳургар дастгир шудаанд. Аз ҷумла, дар Маскав тақрибан 1500 нафарро дастгир кардаанд ва дар инҷо чанд нафар ҳам ҳангоми бархурд бо пулис маҷруҳ шудаанд. Кишварҳои ғарбӣ бархӯрди дурушт бо тазоҳургаронро танқид карданд. Жан Ив Ле Драян, вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи 24-уми январ гуфт, амалкарди маъмурони пулис Русия, “лағжиш ба самти худкомагӣ” дар Русия аст. Дар тазоҳурот ба тарафдории Алексей Навалний дар Маскав, Санкт Петербург ва дигар шаҳрҳои Русия даҳҳо ҳазор нафар ширкат карданд. Ӯро ҳафтае пеш баъди бозгашташ аз Олмон ба Маскав дар фурудгоҳ дастгир карданд. Ӯ баъди заҳролудшавӣ бо як заҳри қаттол барои муолиҷа ба Берлин бурданд.

Дар Узбекистон мудири як коргоҳ баъди бозпурсӣ дар идораи пулис худро овехт

Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"

Ҷасади раҳбари яке аз сехҳои Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканди Узбекистон С. Ш.-ро, ки чанде қабл дар он таркиш ба амал омада буд, 23 январ дар манзили зисташ овезон пайдо карданд.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Тошканд Беҳзод Кабулов ва хадамоти матбуотии Додситонии кулли Узбекистон низ хабарро тасдиқ карданд.

Марди 40-сола сехеро раҳбарӣ мекард, ки 20 январ дар натиҷаи таркише дар он ду зану як мард ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи манбаи сомонаи Gazeta.uz, мудири сехро дар доираи парвандаи таркиш ба бозпурсӣ даъват карда буданд.

Дар қисми 5-уми ​Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканд 20 январ таркиш рух дод. Додситонӣ дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ки боиси марги инсон мешавад" парванда боз кардааст.

Ба иттилои Вазорати энержии Узбекистон, Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"​ ба ҳар як хонаводаи ҳалокшудагон 105 млн сӯм (наздики 10 ҳазор доллар) ҷуброн пардохт кардааст. Ҳамчунин ин хонаводаҳо 20-21 январ барои маросими дафн ҳудуди 500-долларии дигар дарёфт карда буданд.

Дар эътирозҳои Русия бештар аз 3,5 ҳазор кас боздошт шудааст

Пулиси Русия дар ҷараёни эътирози тарафдорони Алексей Навалний, мунаққиди сиёсатҳои Кремл, зиёда аз 3,5 ҳазор касро боздошт кард. Намоишҳои рӯзи шанбеи 23-уми январ дар чандин шаҳри Русия, аз бузургтарин эътирози солҳои охир дониста шуд.

Дар Маскав, пойтахти Русия, норозиён дар майдони Пушкин бо пулис даргир шуданд. Пулис бархе аз онҳоро калтаккорӣ ва бо истифода аз нерӯ ба автобусҳо савор кард. Дар ниҳоят пулис гирдиҳамомадагонро аз ин майдон берун намуд, вале онҳо дар яккилометрии майдон ҷамъ омаданд ва ба тарафи кормандони пулис барф андохтанд.

Мақомоти шаҳр шумораи тазоҳуркунандагонро 4000 нафар номид, вале хабаргузории Reuters теъдоди онҳоро 40 ҳазор нафар гуфт.

Нашрияи OVD-Info, ки аз боздоштҳои сиёсӣ гузориш медиҳад, мегӯяд, дар Маскав на камтар аз 795 нафар боздошт шудаанд. Ин нашрия ҳамчунин аз ширкати зиёда аз 300 нафар дар Петербург хабар дода, гуфтааст, ба сурати умум дар 90 шаҳри Русия бештар аз 3500 нафар боздошт шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон гумонбарони таҷовуз ба номуси наврасро ҷустуҷӯ доранд

Дар Қирғизистон пулис таҳқиқи таҷовузи наврасеро дар ҳамоми умумӣ шуруъ кард.

"Ҷустуҷӯи гумонбароне идома дорад, ки нисбати наврас таҷовузро раво диданд. Мақомоти қудратӣ дар пайи ҷамъоварии иттилоъ ҳастанд. Вазорати корҳои дохилӣ ваъда медиҳад, ки дар фурсатҳои наздик айбдорон пайдо хоҳанд шуд", - хабар доданд аз маркази матбуотии ВКД Қирғизистон.

Нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳои корбарони Қирғизистон дар рӯзҳои ахир баҳсу гуфтумонҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар навор дида мешавад, ки марде ноболиғеро таҷовуз мекунад. Дақиқ нест, ки ин навор кай ва дар куҷо сабт шудааст.

Сабти зилзилаи дувум дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Дар лаҳзаҳои аввали рӯзи 25-уми январ (00:01) заминларзаи сахте Тоҷикистонро такон дод. Дар як ҳафтаи охир бори дувум аст, ки ин ҳолат рух медиҳад. Чанде аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, заминларзаро дар Душанбе ва минтақаҳои дигар эҳсос карданд. То ҳанӯз Маркази зилзиланигории Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ надодааст. Маълум нест, ин ҳодиса хисороте ҳам доштааст ё не. Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон гуфтанд, заминларза дар 41-километрии ҷануби шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ва дар умқи 107 километр рух додааст. Ба иттилои онҳо, шиддати заминларза дар марказаш ба 5.2 дараҷаи Рихтер баробар буд. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

Конгресс хоҳони таҳримҳои нав ба зидди Русия шуд, агар Маскав алайҳи Радиои Озодӣ иқдом кунад

Дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав

Конгресси Амрико хостааст, агар Кремлин ба зидди фаъолияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Русия (ҷарима ва ё маҳдудиятҳо) иқдом кунад, Вашингтон бо таҳримҳои нав ба Маскав ҷавоб диҳад.

Вакилони Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар номаи рӯзи 22-юми январ ба раиси ҷумҳур Ҷо Байден ҳамчунин хостаанд, барои тақвияти фаъолияти Радиои Озодӣ дар Белорус иқдом кунад.

Ин кишвар аз моҳи августи соли гузашта, пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ба ин тараф шоҳиди тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ аст. Мақомоти Белорус гуфтанд, дар он интихобот Александр Лукашенко пирӯз шуд, вале мухолифон мегӯянд, дар интихобот тақаллуб сурат гирифт. Чандин кишвари аврупоӣ пирӯзии Лукашенкоро ба расмият нашинохтанд.

"Роскомнадзор", идораи танзими фаъолияти расонаҳо дар Русия, ин моҳ эълон кард, ки Радиои Озодиро садҳо ҳазор доллар ҷарима мебандад. Маскав радиоро барои нақзи муқаррарот муттаҳам кард.

Бино бар қонун дар Русия расонаҳоеро, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, “агенти хориҷӣ” мешиносанд. Ин қонун хабарнигорони Радиои Озодиро дар маърази муҳокимаи ҷиноӣ низ қарор медиҳад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки аз сӯи Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад, ба муқаррароти Маскав тан надодааст, вале афзоиши ҷаримаҳои пулӣ шояд ин муассисаро маҷбур созад, ки фаъолияти хабарии худро дар Русия боздорад.

Ҳукми ду ҷавон барои навиштани шиори зидди Лукашенко дар Минск

Додгоҳи София Малашевич ва Тихана Клюкач

Дар шаҳри Минск ду ҷавони 18-соларо барои навиштани шиори зидди Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Белорус, бар рӯйи сипари маъмурони ОМОН ба зиндон маҳкум кардаанд.

Лукашенко аз соли 1994 дар сари қудрат аст. Ӯ иддао кард, ки дар интихоботи моҳи августи соли гузашта низ баранда шуд, вале мухолифон натиҷаи онро напазируфтанд.

Додгоҳи ноҳияи Октябр дар пойтахти Белорус София Малашевичро ба ду сол ва Тихана Клюкачро ба 18 моҳи зиндон маҳкум кард. Ҳардуи онҳо донишҷӯёни Омӯзишгоҳи шаҳри Брест, ғарби Белорус, ҳастанд. Ҳукм рӯзи 22-юми январ содир шудааст.

Додгоҳ Малашевичро ба авбошӣ ва таҳқири президент ва Клюкачро ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор донистааст.

Ба қавли мақомот, ҳарду ҷавон дар эътирозҳо ба зидди Лукашенко дар Минск иштирок карда, яке дар рӯйи сипари маъмурони пулис навиштае гузоштааст ва дигар онро ба навор гирфтааст. Малашевич ва Клюкач ин гуфтаҳоро тасдиқ карда, вале аз додгоҳ хостаанд, онҳоро аз озодӣ маҳрум накунад.

Наздиконаш гуфтанд, ҷасади Карима Балочро аз Канада ба Покистон бурданд

Карима Балоч

Ҷасади Карима Балоч, фаъоли ҳуқуқи башарро аз Канада ба Покистон бурдаанд.

Бародараш Самир Балоч рӯзи 24-уми январ ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти маҳаллӣ маҳдудияти гаштугузор ҷорӣ карда, ба касе иҷоза намедиҳанд, то дар тазоҳурот иштирок кунанд.

Карима Балоч рӯзи 20-уми декабри соли 2020 дар шаҳри Торонтои Канада нопадид шуд ва як рӯз баъд ҷасадашро дар наздикии дарёча ёфтанд.

Пулиси Канада гуфт, марги ӯ ҷанбаи ҷиноӣ надорад, аммо хонаводааш мегӯянд, Карима Балоч аз Покистон таҳдид мешуд. Наздиконаш гуфтаанд, ба хотири ин таҳдидҳо дар Канада паноҳанда шуда буд ва мавзуъ бояд таҳқиқ шавад.

Созмони Афви Байнулмилал ва Кумисюни ҳуқуқи башари Покистон хоҳони пайгирии қазия шудаанд.

Ларри Кинг дар 88-солагӣ дар бемористон даргузашт

Ларри Кинг, акс аз соли 2007

Ларри Кинг, хабарнигори машҳури радио ва телевизиони Амрико, дар 88-солагӣ даргузашт.

Иллати марги ӯ то кунун расман эълом нашудааст, аммо сухангӯйи як шифохона гуфтааст, Ларри Кинг ба коронавирус мубтало шуда буд.

Ӯ дар тӯли фаъолияташ бо раҳбарони кишварҳои гуногун, ситораҳои синамо ва варзишкорону мардуми одӣ садҳо мусоҳиба анҷом додааст.

Аз ҷумла, Ларри Кинг бо Михаил Горбачев, раҳбари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ; Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия; президентҳои Амрико, аз Ричард Никсон гирифта то Барак Обама ва шахсиятҳое ба монанди Далай Ламаву Билл Гейтс суҳбат кардааст.

Кинг дар солҳои охир ба хотири ҳамкорӣ бо телевизиони Russia Today мавриди интиқод қарор гирифт.

Боздошти тақрибан 3400 эътирозгар дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия

Қазон, 23-юми январи 2021

Дар ҷараёни эътирозҳо дар сартосари Русия, ки бо талаби озодии пешвои мухолифон Алексей Навалний ташкил шуд ва яке аз тазоҳуроти бузурги зиддиҳукуматӣ буд, ҳазорҳо нафарро дастгир кардаанд.

Ин тазоҳурот бо вуҷуди ҳавои сард ва латукӯби нирӯҳои вижаи пулис рӯзи 23-юми январ баргузор шуд.

Ҳоло маълум нест, эътирозҳо ба ҳукумати президент Владимир Путин чӣ таъсир хоҳанд дошт. Касе, ки солҳо боз зимоми қудратро дар даст дорад ва атрофиёнаш аксаран ӯро берақиб мепиндоранд. Ӯ метавонад то соли 2036 дар қудрат бимонад.

Аммо ҳузури даҳҳо ҳазор кас дар посух ба дархости Алексей Навалний ҷолиб будани “ҷанги” пешвои мухолифонро ба зидди фасод нишон медиҳад.

Навалний баъд аз эълони ҳукмаш рӯзи 18-уми январ аз мардум хост, ки ба кӯчаҳо бароянд. Раҳбари мухолифони Русияро рӯзи 17-уми январ, ҳангоми бозгашт аз Олмон, дар фурудгоҳи Шереметево дастгир карданд.

Ба иттилои гуруҳи ОВД-Инфо, рӯзи 24-уми январ дар сартосари Русия тақрибан 3400 кас боздошт шудаанд. Ниме аз боздоштҳо дар Маскав сурат гирифтааст. Аз ҷумла, Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний ва яке аз ҷонибдорони ӯ Любов Собол ҳам боздошт шудаанд.

Тасвирҳое, ки дар он нирӯҳои вижа эътирозгаронро дар Маскав ва шаҳрҳои дигар мезананд, бо вокунишҳои Вашингтону Брюссел рӯ ба рӯ шуд.

Амрикову Аврупо боздошти ҳазорон эътирозгарро дар Русия маҳкум карданд. АКС

Боздошти яке аз эътирозгарон дар Русия

Амрикову Иттиҳоди Аврупо боздошти эътирозгаронро дар Русия маҳкум карда, хоҳони раҳоии тазоҳургарон ва хабарнигорон шуданд.

Ҳангоми тазоҳуроти рӯзи 23-юми январ, ки бо талаби раҳоии Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Кремлин, дар сартосари Русия баргузор шуд, ҳазорон нафар дастгир шуданд. Вашингтон ончиро, ки рафтори хашини пулис бо эътирозгарон номид, маҳкум кард.

Бино ба гузоришҳо, беш аз 3 ҳазор кас дастгир шудаанд.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, шахсоне, ки боздошт шуданд, аз ҳуқуқи асосии худ барои тазоҳурот истифода мекарданд. Вай ҳамзамон хостори раҳоии беқайду шарти Навалний шуд.

Иттиҳоди Аврупо низ боздошти тазоҳургаронро дар Русия маҳкум кард. Ҷозеп Борел, раиси идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Твиттер бо ибрози нигаронӣ гуфт, ба хотири боздошти эътирозгарон ва истифодаи нобаробари зӯр мутаассуф аст.

Дар Чин 172 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст

Акс аз бойгонӣ

Дар Чин 172 мавриди гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор шудааст. Мақомоти тандурустии Чин рӯзи 24-уми январ гуфтанд, дар ҳоле ки талошҳо барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирус дар шимоли ин кишвар идома дорад, мавридҳои навро низ сабт карданд. Ҳафтаи гузашта мансабдорони Чин аз мардум хостанд, барои ҷилавгирӣ аз гирифторӣ ба вирус аз сафарҳои ғайризарурӣ дар оғози соли 2021 худдорӣ кунанд. Дар рухсатиҳои соли нав, миллионҳо шаҳрванди Чин бо оилаҳояшон ба минтақаҳои гуногун сафар мекунанд.

Тед Липйен аз мақоми президенти РАО/РО озод шуд

Тед Липийен

Шоми 22-юми январ президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва ду нафар аз роҳбарони бунгоҳи нашаротии байналмилалӣ, ки ҳукумати Амрико сармоягузорӣ мекунад, бо фармони иҷрокунандаи роҳбари Оҷонси расонаҳои ҷаҳонии Амрико ва ё USAGM аз вазифа барканор шуданд.

Мақомҳои расмие, ки бо ин тағйирот ошноянд, гуфтанд, Келу Чао, иҷрокунандаи роҳбари USAGM, Тед Липйен президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ҳамроҳ бо роҳбари “Радиои Осиёи Озод” ва “Шабакаи Хабаррасонии Ховари Миёна” баъд аз як моҳи таъин шудани онҳо ба ин мақом аз вазифа сабукдӯш кард.

Ин тағйироти кадрӣ пас аз он сурат мегирад, ки Чао роҳбари “Садои Амрико” ва муовини ӯро аз вазифа барканор кард. Роҳбари “Дафтари суханпароканӣ дар Куба” низ истеъфо дод.

“Садои Амрико” ва “Дафтари суханпароканӣ дар Куба”ба ҳукумати Амрико тааллуқ доранд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, “Радиои Осиёи Озод” ва “Шабакаи Хабаррасонии Ховари Миёна” ширкатҳои хусусии ғайритиҷоратӣ ҳастанд, ки тавассути Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешаванд.

Ин тағйироти кадрӣ пас аз истеъфои Майкл Пак, роҳбари USAGM сурат мегиранд. Пак аз сӯи демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон барои сиёсати кадрие, ки пас аз таъйин шуданаш дар моҳи июни соли гузашта дар Конгресс рӯи даст гирифт, танқид мешуд.

Ҳамсари Алексей Навалний дар тазоҳурот дар Маскав боздошт шуд

Алексей Навалний ва Юлия Навалная ҳангоми бозгашт ба Русия дар ҳавопаймо

Юлия Навалная, ҳамсари мунтақиди Кремл - Алексей Навалнийро боздошт кардаанд.

Хонум Навалная дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ӯро рӯзи 23-юми январ дар тазоҳурот дастгир карданд. Дар ин тазоҳурот ҳазорон нафар бо талаби раҳоии шавҳари ӯ аз зиндон ҷамъ омаданд.

Алексей Навалний ҳафтаи гузашта, пас аз як давраи муолиҷа дар Олмон ба Маскав баргашт. Ӯро моҳи августи соли гузашта пас аз заҳролуд шудан аз заҳри “Новичок” барои табобат ба Берлин бурда буданд.

Пулис тазоҳурот дар Маскав ва даҳҳо шаҳри дигари Русияро ғайриқонунӣ эълон карда, садҳо нафарро боздошт кард.

Сомонаи раҳбари Эрон акси монанд ба Трампро зери мили силоҳ нашр кард

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ роҳбари олии Эрон

Дар сомонаи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, акси як нафар бозигари голф нашр шуд, ки ба собиқ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп монанд аст. Бозигар дар акс мавриди ҳадафи дрон тасвир шудааст.

Ин тасвир нахуст бо забони форсӣ дар шабакаи иҷтимоии Twitter нашр шуд, ки дар он барчаспе ба сомонаи расмии Хоманаӣ ҳам буд.

Twitter ин тасвирро рӯзи 22-юми январ пок кард ва гуфт, он тақаллубӣ аст. Зери ин акс гуфтаҳои ахири роҳбари олии Эрон дар солрӯзи қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои “Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоб низ гузошта шуда буд.

Сулаймонӣ яке аз нафарони пурнуфузи Эрон ва аз тарроҳони сиёсати хориҷии Теҳрон дар минтақа буд. Фармони қатли ӯро 3-юми январи 2020 Трамп содир карда буд.

“Қотилон ва ҳам фармоишгарон бояд донанд, ки интиқом ҳар лаҳза метавонад фаро расад”. Ин ҷумларо сомонаи Хоманаӣ аз суханронии ӯ дар робита ба солгарди қатли Сулаймонӣ дар як суратлавҳа иқтибос кардааст.

Дар ин тасвир ҳамчунон сояи дрон дар пасманзари марди танҳое, ки голф бозӣ мекунад, дида мешавад. Трамп маъмулан голф бозӣ мекунад, вале дар инҷо аз ӯ ном бурда намешавад.

Таниш миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон соли 2018, пас аз он ки Трамп аз созиши ҳастаии миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ даст кашида дубора таҳрим ҷорӣ кард, якбора ташдид ёфт.

Теҳрон бо партоби чандин мушак ба пойгоҳҳои ҳарбии Амрико дар Ироқ интиқом гирифт. Аммо баъдан ҳар ду ҷониб аз идомаи таниш даст кашиданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG