Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, интихоботи президентии Қирғизистонро “демокративу осоишта” номид ва аз он истиқбол кард. Дар изҳороти ахиран паҳншудаи Обама гуфта шудааст, ки "мардуми қирғиз дар роҳи демократия гоми муҳим ниҳода, пуштибонии худ аз интиқоли осоиштаи қудратро намоиш доданд".
Аз ин пеш Комиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон эълом дошт, ки номзад Алмосбек Отамбоев дар даври аввал ба дарёфти тақрибан 63 дар сади раъйҳо муваффақ шудааст.
Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар як изҳорот аз сиёсатмадорони қирғиз хост, ки ҳама низоъҳоро аз роҳи қонунӣ ҳаллу фасл кунанд. Ду рақиби аслии Отамбоев дар интихобот – Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев аз эътирофи натоиҷи интихобот сарпечӣ карда, изҳор намуданд, ки дар раъйдиҳӣ тақаллуб ва қонуншиканиҳо сурат гирифтаанд.