Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNESCO Фаластинро ба узвияташ пазируфт


Бахши илму фарҳанг ва маорифи СММ UNESCO имрӯз Фаластинро ба унвони узви комилҳуқуқи ин созмон пазируфт, ки бовар меравад дар талошҳои минбаъдаи Фаластин барои дарёфти мақоми як давлати мустақил дар СММ мусоидат мекунад. Дар раъйгирии имрӯзаи UNESCO аз 173 намояндаи давлатҳои ҷаҳон - 107 вакил раъйи мусбат, 14 раъйи мухолиф ва 52 кишвар раъйи мумтанеъ доданд. Каталин Богай, президенти конфронронси умумии 36-уми UNESCO, ки сафири Венгрия дар ин созмон аст, дар нишасти Париж чунин изҳорот дод:


“Хонумҳо ва ҷанобон, конфронси умумӣ ба ҷонибдории пазириши тарҳи қатънома раъй дода инчунин қарор кард, ки Фаластинро ба унвони узви UNESCO бипазирем”.


Дар миёни кишварҳое, ки зидди пазириши Фаластин ба узвияти ин ниҳод овоз доданд, ИМА, Канада ва Олмон мебошанд. Мушовири раҳбари Фаластин Сабрӣ Сайдам гуфт, ки қарор дар як рӯзи таърихии мардуми Фаластин гирифта шудааст. Вале дар вокуниши сафири Исроил дар UNESCO Нимрод Баркан гуфта шуд, ки раъйдиҳии имрӯза як фоҷеа барои “ташаккули UNESCO аст ва ба қонунҳои байналмилаливу шонси сулҳ зиёни азим мерасонад”.

Тасмими мазкур ба он маънист, ки акнун UNESCO милёнҳо доллар сармоягузориҳои ИМА-ро аз даст медиҳад, чун ин кишвар аз бузургтарин саҳмгузори буҷаи ин ташаккули фарҳангии СММ мебошад. Тибқи қонунгузории дар сурате, ки кадом бахши СММ Фаластинро ба унвони узви комилҳуқуқи ин созмон бипазирад, ҳукумати ИМА ҳақ надорад онро маблағгузорӣ кунад. Моҳи гузашта Фаластин дархости узвияти комил дар СММ-ро карда буд ва пазириши ин кишвар ба UNESCO як бахше аз ин талошҳои Фаластин мебошад.
XS
SM
MD
LG