Бар пояи иттилои муқаддамотии Кумиссюни марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихобот аз номзадии Алмосбек Отамбоев каме бештар аз 63 дарсади раъйдиҳандаҳо пуштибонӣ кардаанд.
Дар мақомҳои баъдӣ раиси ҳизби Ота-Журт Қамчибек Тошиев ва раиси пешини порлумон Мадумар Адахонов қарор гирифтаанд.
Ба назар мерасад, худи Отамбоев ба пирӯзияш дар даври аввал шакку шубҳае надошт. Дирӯз (30 октябр) баъд аз раъйдиҳӣ дар интихобот ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки мардуми Қирғизистон баъд аз ин маъракаи интихоботӣ бояд барои бунёди кишвар талош биварзанд.
Ӯ гуфт: "Ман фикр мекунам, ки мардум аз набардҳои гуногуни сиёсӣ ва гирдиҳамоиҳо хаста шудаанд. Умедворам, ки бо хости Худо дар кишвар давраи эътидол мерасад ва мардум на ба интихоботҳои ҳамасола машғул хоҳанд шуд, балки фақат ба таври осоишта кор хоҳад кард . Даврае расидааст, ки мо бояд дар Қирғизистон фақат ба кору бор машғул шавем."
Аммо натиҷаҳои муқаддамотии интихобот шаш довталаби курсии президентӣ аз аҳзоби мухолифи ҳукуматро нороҳат кардааст. Онҳо шоми дирӯз аз қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ шикоят кардаанд.
Собиқ раиси порлумони Қирғизистон Адахон Мадумаров, ки қаблан дар мавриди ба даври дуввуми интихобот раҳ ёфтанаш хушбин буд, аз пуштибонии густурда ва бечунучарои мақомот аз номзадии Отамбоев шикоят кард.
Пирӯзии нахуствазир дар даври аввали интихобот оё воқеан метавонад Қирғизистонро ба гирдоби нооромиҳо бикашад? Ба вижа, ки дар арафаи раъйдиҳӣ Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Ота-Журт ҳушдор дода буд, ки дар сурати ба нафъи ӯ нашудани натиҷаҳои интихобот, дар ҷануби кишвар миллионҳо нафар даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.
Мирослав Ниёзов, Дабири пешини Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон дар суҳбат ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба гирдоби нооромиҳо кашида шудан ё нашудани Қирғизистон, пеш аз ҳама, ба фарҳангии сиёсии дигар довталабони мақоми президентӣ бастагӣ дорад. Аммо ӯ афзуд, “ман он чизро аз эҳтимол дур намедонам, ки довталабон истифодаи захоири маъмурӣ ва маболиғи буҷа ба хотири пирӯзии Отамбоевро ошкор ва бо ин далел намоишҳои эътирозиро шурӯъ мекунанд. Инро набояд баъид донист. Вале эҳтимоли он ҳам мавҷуд аст, ки ҳама чиз ба таври кофӣ осоишта ва мусолиматомез анҷом меёбад.”
Ин лаҳзаҳо, тавре бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар Бишкек ва дигар шаҳрҳои Қирғизистон авзоъ ором аст. Ёдовар мешавем, ки барои мақоми раисиҷумҳури Қирғизистон 16 нафар вориди сабқат шуда буданд.