Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон кай аз буҳрони энержӣ раҳо хоҳад ёфт?


Сокинони манотиқи Тоҷикистон имсол низ аз банди маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ раҳо наёфтанд.

Имсол низ истисно нашуд, мисли 20 соли ахир, ки бо фаро расидани фасли тирамоҳ, мақомоти Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинонро маҳдуд мекунанд.

Ҳамин тавр, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар тамоми манотиқи кишвар тақрибан то ним сол идома хоҳад кард. Аз авоили октябр то охирҳои моҳи март аҳолӣ дар маҷмӯъ аз 5 то 10 соат бо барқ таъмин мешаванду халос.

Дар ҳоли ҳозир касе дақиқ гуфта наметавонад, ки буҳрони энержӣ дар Тоҷикистон кай аз байн хоҳад рафт. Ҳукумати кишвар ҳалли буҳрони барқро ба бунёди Роғун шадидан вобаста медонад. Тибқи барномаи ҳукумат ду агрегати аввали Роғун на барвақтар аз соли 2016 ба кор андохта шаванд. Аммо бо назародошти сару садоҳо дар атрофи Роғун соли 2016 низ воқеӣ ба назар намерасад.

Хабарнигори "Озодӣ" Акрами Абдуқаҳҳор бо нигоҳи амиқтар ба ин мавзӯъ пардохта ва дар ин марвид назари сокинону коршиносон ва ҳам масъулони давлатро пурсидааст.

Буҳрони энержӣ ҳам поён дорад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG