Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ба номи Сахаров ба фаъолони "Баҳори араб" эҳто шуд


Панҷ фаъоли ҳуқуқи башар аз кишварҳои арабӣ барандаи ҷоизаи “Барои афкори озод” ба номи Андрей Сахаров шуданд. Дар ин бора имрӯз дар Страсбург Ежи Бузек, раиси Парлумони Аврупо, хабар дод.

Шаҳрванди Тунис Муҳаммад Буазизӣ баъд аз маргаш, Асмо Маҳфуз, яке аз созмондиҳандагони намоишҳои эътирозӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира, дигарандеши либиягӣ Аҳмад Ас-Санусӣ ва ду суриягӣ – ҳомии ҳуқуқи башар Розан Зайтуна ва ҳаҷвнигор Алӣ Фарзат ба ҷоиза сазовор дониста шуданд.

Ҷоизаи ба номи донишманди маъруф ва ҳомии ҳуқуқи башар Андрей Сахаров аз сӯи Парлумони Аврупо аз соли 1988 ба ин сӯ барои саҳм дар мубориза барои ҳуқуқи башар супурда мешавад. Маблағи ҷоиза 50 ҳазор евро муқаррар шудааст.

Аз ин пеш ҷоизаи “Барои афкори озод”, аз ҷумла, раисиҷумҳури пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела, раҳбари мухолифини Бирма Аун Сан Су Чжи, дигарандешони Куба ва созмони “Мемориал”-и Русия эҳто шуда буд.
XS
SM
MD
LG