Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷаи мизоҷон дар шифохонаҳои Сурия


Amnesty International ё Афви Байналмиллал мегӯяд, дар шифохонаҳои давлатии Сурия мизоҷонро шиканҷа медиҳанд. Гурӯҳи Афви Байналмиллал марказаш дар Лондон мегӯяд, ҳукумати Сурия шифохонаҳоро ба “маҳалли фишор”-и тазоҳуркунандагони зидди режими Башор Асад табдил додааст. Ин гурӯҳ мегӯяд, мақомоти Сурия ба нируҳои амниятӣ дастрасии озод ба шифохонаҳоро додаанд ва дар бисёре аз мавридҳо кормандони шифохонаҳо дар шиканҷаи дардовари мизоҷон ширкат мекунанд. Дар гузориш омадааст, бисёре аз шаҳрвандон намехоҳанд беморони худро ба шифохонаҳо диҳанд ва ин корро барои наздикони худ амнтар медонанд.
XS
SM
MD
LG