Пайвандҳои дастрасӣ

Тунис бори аввал интихоботи озод баргузор кард


Навбат барои райдиҳӣ дар интихобот
Дирӯз дар Тунис интихоботи сартосарӣ баргузор шуд. Ин нахустин интихоботи озод дар ин кишвар ба шумор меравад. Дар он аксарияти мардум ширкат карданд. Камол Ҷендубӣ-раиси кумиссюни мустақили интихоботӣ гуфт, ширкати мардум дар интихобот аз ҳамаи интизориҳо бештар буд. Ба гуфтаи вай, дар интихобот тақрибан 70 дарсади аҳолӣ ширкат ҷустааст. Ин интихобот баъд аз 9 моҳи сарнагунии Зайналобиддин Бен Алӣ-раҳбари сарнагуншудаи худкомаи Тунис баргузор шуд. Мардум 217 нафарро барои ишғоли курсиҳои порламонӣ баргузиданд. Порламон пешнависи Қонуни Асосии навро таҳия ва ҳукумати навро таин мекунад. Интизор меравад, ки Ҳизби Исломии Ен Аҳдо, ки фаъолияташ дар давраи Бен Алӣ мамнуъ буд, бештари ороро ба даст овардааст. Фуод Мебазо-раиси ҷумҳури давраи гузор, ки дар гузашта аз ҳамкорони Бен Алӣ буд, қавл дод, ки идораи умури давлатиро бар ҳар касе, ки дар порламон раиси ҷумҳур интихоб шавад, хоҳад супурд. Барак Обама мардуми Тунисро, ки райҳои худро ба сандуқҳо рехтанд, барои чунин интихобот табрик гуфт ва “онро қадаме ба пеш хонд”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG