Имрӯз дар Душанбе Алӣ Лориҷонӣ-раиси порламони Эрон бо донишмандону фарҳангиёни тоҷик мулоқот ва суханронӣ кард. Вай дар ин мулоқот муносиботи Тоҷикистону Эронро ин гуна тавсиф кард:
“Яке аз стротежиҳои муҳими Ҷумҳурии Исломӣ ҳамкории наздик дар ҳамаи шуъун бо давлати ҷумҳурии Тоҷикистон аст”.
Қаблан, Лориҷонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Алӣ Лориҷонӣ мулоқот ва ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот аз оғози фаъолияти чархаи аввали ниругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” изҳори сипос кард. Ин ниругоҳ бо кӯмаки молии Эрон сохта мешавад.
Алӣ Лориҷонӣ дар нимаи дуввуми 20 октябр барои боздиди дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Як рӯз пеш вай бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ дошт.