Шӯрои раҳбарии паймони НАТО дар Брусел мулоқот дорад, то баъд аз куштори Муаммар Қаззофӣ хатми маъракаи шашмоҳаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Либияро баррасӣ кунад. Мақомоти НАТО гуфтаанд, намояндагони 28 кишвари узви ин паймон дар Брусел мулоқот мекунанд ва дар дастури рӯзи мулоқот масъалаи Либия қарор дорад. Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса имрӯз дар Порис ба хабарнигорон гуфт, мудохилаи низомии паймони НАТО “ба поёни худ наздик мешавад”. Амалиёти НАТО барои ҳифзи шаҳрвандони Либия аз 31 моҳи март то ҳол бо иҷозаи СММ идома дошт.