Сербҳо дар шимоли Косово ба зарбулаҷали нируҳои посдори сулҳи НАТО рӯ ба рӯ ҳастанд. НАТО дархост кардааст, ки онҳо аз роҳҳо саддҳо ё монеаҳоро бардоранд. 5 500 нафар нируҳои НАТО, ки дар минтақа мустақар мебошанд, мегӯянд, ки агар сербҳо 16 девореро, ки аз гилу санг сохтаанд, аз роҳҳо набардоранд, дар он сурат ин корро сарбозони онҳо анҷом хоҳанд дод. Дар ҳоле, ки мӯҳлати пешбинишудаи аз миён бардоштани ин монеаҳо наздик мешавад, Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз Белград ва Приштина хостааст, ки бӯҳрони пешомадаро аз роҳи музокирот ҳал кунанд. Бан Ки Мун изҳор доштааст, ки бастани марзҳо қобили қабул нест.