Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе мизбони ҳамоиши дуввуми сармоягузорӣ оид ба агробизнес


Рӯзи сешанбе дар шаҳри Душанбе форуми дуввуми сармоягузорӣ оид ба агробизнес бо ҳузури беш аз 200 тан намояндагон аз Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Швейтсария, Юнон, Афғонистон, Тунис, Туркия, Алҷазоир, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Русия оғоз ба кор кард. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Бонки таҷдиду рушди Аврупо дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зери унвони «Муттаҳид мешавем то рақобатпазир шавем» доир мешавад. Ҳадафи ин ҳамоиш омӯзиши имконоти сармоягузорӣ ба иқтисодӣ Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои ин кишвар бо шарикони хориҷӣ дар бахши агробизнес унвон шудааст. Ин ҳамоиш ду рӯз идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG