Тибқи гузоришҳо, нирӯҳои вафодор ба президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва нирӯҳои оппозисиюн шаби гузашта дар пойтахт, шаҳри Санъо вориди даргирӣ шуда, дар ҷараёни задухӯрдҳо аз мушаку хумпора ва силоҳи вазнин истифода карданд. Нирӯҳои ҷонибдори ҳукумат пайваста бо қабилаҳои рақиб ва сарбозони баргашта (ё хоин) вориди даргирӣ мешаванд, вале ин навбат мегӯянд, ки задухӯрдҳо хеле сангин будааст. Солеҳ 33 сол инҷониб раҳбарии Яманро ба дӯш дорад ва моҳи ҳаштум аст, ки мардуми ин кишвар истеъфои ӯву ҳукуматашро аз роҳи эътирозҳову раҳпаймоиҳо талаб доранд. Шаби гузашта 8 нафар кушта ва 27 тан маҷрӯҳ шуданд.