Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот зидди "хасисии" ширкатҳо


Дар идомаи тазоҳуротҳои саросарӣ алайҳи бӯҳрон ва нобаробариҳои иқтисодӣ дар маркази шаҳри Ландан 200 нафар дар назди Калисои Павели муқаддас нишеман задаанд ва мегӯянд, доиман ҳамон ҷо мемонанд. Тазоҳурот дар Лондон, илҳомгирифта аз ҳаракати амрикоии “Ишғоли Вол Стрит” аст, ки рӯзи шанбе дар ин маркази молии Амрико чанд ҳазор нафар ҷамъ омада, алайҳи хасисии ширкатҳои бузург эътироз карданд. Тазоҳуроти шабеҳ дирӯз дар 82 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Бузургтарин раҳпаймоии олуда ба хушунат дар шаҳри Рум пойтахти Итолиё сурат гирифт, ки дар онҷо маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарони хашмгин аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода карданд. Тазоҳургарон дар инҷо ойинаҳои идораҳои бонкҳоро шикаста ва мошинҳоро оташ заданд.
XS
SM
MD
LG