Раиси ҷумҳури Олмон имрӯз гуфт, бо тарки Афғонистон кардани нерӯҳои олмонӣ дар соли 2014, кишвараш ҳамчунон ба Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Кристиан Вулф дар як боздиди аз қабл эъломношуда аз Кобул, имрӯз гуфт, баъди ба ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштани масъулияти таъмини амният ҳам “Олмон ҳамчунон як дӯсти боэътимоду содиқ ва шарики Афғонистон хоҳад монд.” Қарор аст, ӯ бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот кунад. Олмон дар Афғонистон ҳудуди 5 ҳазор сарбоз дорад, агарчӣ ҷомеаи он кишвар аз ирсоли он нерӯҳо норозианд. Сафари Кристиан Вулф нахустин сафари раҳбари давлати Олмон ба Афғонистон дар зарфи 44 соли ахир аст.