Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сирт-зодгоҳи Қаззофӣ даргириҳо шиддат ёфтааст


Саҳнаҳо аз шаҳри Сирт
Саҳнаҳо аз шаҳри Сирт
Дар шаҳри бандарии Сирт дар Либия миёни нируҳои вафодор ба ҳукумати давраи гузор ва ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ-раҳбари фирории Либия даргириҳои шадид рух додааст. Телевизион саҳнаҳоеро аз дуди ғализ, ки дар ин шаҳр ба ҳаво бармехост намоиш додааст. Дар ин шаҳр даргириҳо аз як ҳафта ба ин сӯ идома дорад ва бино ба гузоришҳо, нируҳои ҳукумати эътилофӣ нуқоти бештареро ба контроли худ даровардаанд. Сирт зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ ва Бани Валид ду шаҳре ҳастанд, ки то ҳол дар ихтиёри нируҳои Қаззофӣ қарор доранд. Нируҳои ҳукумати давраи гузор барои ҳамла ба шаҳри Бани Валид низ омодагӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG