Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти 4 тан дар робита ба таркиши Хуҷанд


Додгоҳи вилояти Суғд 4 нафарро дар иртибот ба ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри соли 2010 дар Хуҷанд ба мӯҳлатҳои гуногун ба зиндон маҳкум кардааст.

Ду нафар аз ин афрод Фирӯз Солеҳов ва Алишер Гулов ба мӯҳлатҳои шаш ва панҷу ним солӣ ва Одилхон Мӯъминов ва Баҳром Солеҳова ба ду соли зиндон маҳкум шудаанд, ки дар пайи иҷрои қонуни афв раҳо шудаанд.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд чаҳор кушта ва 28 захмӣ ба ҷой гузошта буд.

Ба дунболи ин ҳамлаи интиҳорӣ, нахуст масъулияти ҳамларо як гурӯҳи мазҳабии "Ҷамоати Ансоруллоҳ" бо навиштани як нома дар шабакаи Интернет бар дӯш гирифта буд.

Ҳамчунин, бархе аз мақомот фарзияи ба ҳамлаи интиҳорӣ даст задани як сокини ноҳияи Исфараро ҷиҳати ниқоргирӣ ба марги фарзандаш дар боздоштгоҳи шӯъбаи мазкур баён намуда буданд.

Фарзияи дигаре ҳам аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баён шуда буд, ки омилони нахустин таркиши худкушӣ дар Тоҷикистон нафарони дастдошта дар куштори Ҳомидҷон Каримов – раиси бозори шаҳри Исфара буда, бо ин амали террористӣ мехостанд шарикони боздоштшудаи худро аз боздоштгоҳи шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта берун оранд.

Аммо дар охир ном бурдани мақомот аз Акмал Каримов, сокини шаҳри Хуҷанд, чун омили аслии таркиши интиҳорӣ бепоя будани ин фарзияро низ ба исбот расонид.
XS
SM
MD
LG