Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико вориди тамоси мустақим бо Эрон шудааст


Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, намояндагони ин кишвар дар мавриди иттиҳомоти тарҳи сӯиқасд ба сафири Саудӣ дар Вошингтон вориди тамоси мустақим бо мақомоти Эрон шудаанд. Сухангӯи вазорат Виктория Нуланд ба хабарнигорон гуфт, ин тамос рӯзи чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо вай аз зикри тафсилот худдорӣ кард. Режими Эрон иттиҳомоти марбут ба сӯиқасдро рад кард ва онро тақаллубе барои эҷоди ташаннуҷи бештар дар байни Эрон ва кишварҳои Ховари Миёна номид. Иёлоти Муттаҳида ва Эрон аз соли 1979, замони инқилоби исломӣ дар Эрон ба ин сӯ бо ҳам равобити дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG