Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи ду халабони ҳавопаймо дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон ду халабони як ширкати ҳавопаймоии русиро муҳокима мекунанд, ки ба қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муттаҳам мешаванд. Владимир Садовничий шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко шаҳрванди Эстония дар ширкате бо номи “Ролкан Инвестмент ЛТД” кор мекардаанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳавопаймои Ан-72 ва ҳомили як муҳаррики ҳавопаймо дар фурудгоҳи ҳавоии Қӯрғонтеппа фуруд омадааст ва аз соли 2008 дар қаламрави Афғонистон бе ҳеҷ иҷозаи расмӣ кор мекардааст. Ҳарду халабон иттиҳомот алайҳи худро рад мекунанд. Бори аввал аст, дар Тоҷикистон як чунин парвандаи ғайримуқаррарӣ муҳокима мешавад.
XS
SM
MD
LG