Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё дар масъалаи Эрон бо ИМА ҳамкорӣ мекунад


Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё мегӯяд, кишвараш бо Амрико барои вокуниши байналмилалӣ нисбат ба дасисаи эронии тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон ҳамкорӣ хоҳад кард. Вилям Ҳейг ба порлумони Бритониё гуфт, тарҳи мазкур, “баёнгари ҳимояти афзояндаи терроризм дар хориҷ аз марзҳояш” аст: “Аломатҳое вуҷуд дорад, ки ин тарҳи асафнок бо раҳнамоӣ аз сӯи режими Эрон ва бо ширкати аъзои баландпояи Гурӯҳи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таҳия шудааст. Ба назар мерасад, ки ин як нишондиҳандаи ҳимояти афзояндаи Эрон аз тероризм дар хориҷа аз қаламраваш мебошад.“ Мақомоти Амрико ду эронитаборро ба талош барои сӯиқасд ба ҷони Одил Ал-Ҷубайр, сафири Саудӣ дар Амрико муттаҳам мекунанд. Арабистони Саудӣ гуфт, дар ин замина бо ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида “иқдомоти қотеъе” меандешад. Вашингтон гуфтааст, ки барои дар инзивои бештари байналмилалӣ қарор додани Эрон бо кишварҳои дигар машварат мекунад. Эрон мегӯяд, иддаъоҳо доир ба тарҳи сӯиқасд бофтаи Амрикост, то аз ин роҳ таваҷҷӯҳи мардуми кишварро аз мушкилоти иқтисодии дохилӣ ба дигар самт барад.
XS
SM
MD
LG