Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши дигаре барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон


Дар талоши дигаре дар роҳи мубориза бо фасоди решагирифта дар Тоҷикистон, порлумон қонунеро ислоҳ кард, ки намегузорад, мансабдорон, хешовандони худро ба кор бигиранд. Порлумони Тоҷикистон имрӯз тарҳи ислоҳшудаи “Қонун дар бораи мубориза бо коррупсияро” тасвиб кард, ки дар он аз ҷумла омадааст, мансабдорон ҳақ надоранд, домоду арӯс ва қудову дигар хешовандони худро дар ниҳодҳое, ки кор мекунанд, ба кор бигиранд. Дар Тоҷикистон, ба эътирофи худи мақомот фасоду ришвахорӣ расм шудааст ва қавмгароӣ як дарди мусрии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Қонун дар бораи мубориза бо коррупсия соли 2005 қабул шуд ва ба гуфтаи мақомоти расмӣ бо тақозои замон зарурати ислоҳи он пеш омадааст.
XS
SM
MD
LG