Кумитаи тафтишотии Русия имрӯз дар иртикоби ҳалокати як омӯзгор дар боздоштгоҳи Маскав парвандаи ҷиноӣ боз кард. Андрей Кудоярови 48-сола рӯзи шанбе бар асари сактаи қалб даргузашт. Ин устоди мактаби миёна ба тамаъҷӯӣ айбдор мешуд. Сухангӯи кумитаи тафтишот Владимир Маркин гуфт, парванда бо иттиҳоми хунукназарӣ боз шудааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқ хостори таҳқиқи мустақили ин қазия шудаанд.