Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 20 нафар дар рейди нерӯҳои амниятии қирғиз


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аъзои Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ, як созмони тундравро масъули хушунатҳои 8-уми октябр дар Уш эълон кард. Раиси он, Кенешбек Душебоев гуфт, ки дар ин робита дар деҳаи асосан узбакнишини Наримони канораи Уш 10 нафар, аз ҷумла қирғизҳо, узбакҳо, тоҷикон ва уйғурҳо боздошт шудаанд. Як узви гурӯҳ ҳангоми гаравгон гирифтани мусофирони як автобус аз тарафи нерӯҳои амниятӣ кушта шудааст. Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, ба сурати умум дар рейди нерӯҳои амниятӣ дар робита ба интихоботи президентии ин кишвар 20 гумонбари робитаҳои террористӣ дар вилояти Уш боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG